Изҳороти Бобоев Абдукарим, сармуаллими кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ТТЭ ҲНИ ва андешаҳои муғризонаи бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Мо хуб медонем, ки дар ягон сура ва оёти Қуръони Маҷид, ингуна амалҳои зишт ва инсонбадбинонаи ҲНИ тарафдори нашудааст. Баръакс дар таълимоти исломи ноб, қотили яъне куштор яке аз гуноҳҳои вазнинтарин ҳисобида шуда, барои содиркунандаи ин амали зишт ҷазои вазнинтарин таъин карда шудааст. Симои ҳақиқии ҲНИ-ро собиқ муассис ва узви фаъоли он мулло Абдураҳим Каримов чунин ифода кардааст: “… бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ аз мақсадҳои пасипардагии саркардагони ин ҳизб хабар надоштанд. Аслан ҳизб барои ислом бегона аст. Ташкили ин ҳизб, танҳо баҳри тафриқаандозӣ миёни мардуми Тоҷикистон буд, ки кулли мардуми он мусулмонанд. Аз ин ҷост, ки рӯҳониёни ҳақиқии машҳури тоҷик ҲНИ-ро напазуруфтаанд ва онро сарчашмаи таълимоти Ваҳобия баҳогузорӣ намуда, фаъолияташро зери танқид гирифта, амалҳои зишт ва инсонбадбинонаю террористии онро маҳкум менамоянд”.
Ин ҳизби манфур ба номи поки ислом доғ оварда, дар назди ҷаҳониён дини исломро чун дини террористӣ муаррифӣ намуда истода худро мусулмони ҳақиқӣ нишон додан мехоҳанд, вале бехабар аз онанд, ки нисбати онҳо барин инсонҳое, ки гуфтору рафторашон бо ҳам мувофиқат намесозад, шоир гуфтааст:
Аз тоати ту ба эзидам суде нест,
В-аз ҷабри ту низ варо зиёнбуде нест.
Имрӯз сарвари собиқи ҳизби маҳкумшудаи ҲНИ Муҳиддин Кабирии ҷилои Ватан намуда ва ба ланъати халқу Ватан гирифтор шуда, аз хориҷи кишвар истода бо ҳарзагӯиҳои бемантиқи худ, баҳри ба дастоварии садоқоти нави хоҷагони хориҷии хеш, тавассути ВАО-и ҳангоматалаби давлатҳои дуру наздик Ҳукумати Конститутсионӣ ва халқи меҳнаткашу сулҳпарвар ва бофарҳанги моро ба гуноҳҳои набуда, маҳкум карда худро дилсӯзи миллат нишон додан мехоҳанд. Ҳол он, ки нисбати ингуна ашхоси шайтонсират шоир гуфтааст:
Ту, ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Ҳамватанони азиз! Имрӯз халқу давлати азизи мову шумо Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 170 давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, бо он муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ фарҳангиро ба роҳ монда намояндагии дипломатии моро қабул намуда сафоратхонаҳои худро дар Ватани мо кушодаанд, ки ин боз бори дигар исбот менамояд, ки рӯз ба рӯз, обрӯ ва эътибору нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистони офтобрӯя боло рафта, ҷаҳониёнро тасхир намудаистодааст. Ҳамаи ин комёбиҳо ба мову шумо , таҳти роҳбарии хирадмандонаи пешвои миллат , асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон насиб гаштааст. Пас ҳама пиру барнои кишвар, бояд шукри ин давлат ва ингуна сарвари хирадмандро намуда, барои ҳифзи он ҳамеша омода бошем. Нагузорем, ки қадами номубораки ифротиҳои ҲНИ хоки поки Тоҷикистони азизи моро нопок сохта боиси рехтани ашки кӯдакон ва нолаи ҷонгудозу ҷигарсӯзи модарон гардад. ҲНИ-и ифротӣ ягон вақт ҳамқадаму ҳаммароми мову Шумо набуд ва нахоҳад гашт, барномаю мақсаду мароми он барои мо бегонааст. Бесабаб пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш аз минбарҳои дохиливу байналхалқӣ мову шумо ва тамоми ҷаҳониёнро аз хатари ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҳушдор дода ин марди асил моро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват намуда, ба якдилию ҳамдигарфаҳмӣ далолат намуда, иброз менамояд, ки “терроризм Ватан надорад!” Ин суханони марди асил, президенти кишвар Э.Раҳмон ҳақ асту рост. Зеро мо тавассути ВАО огоҳ мешавем , ки дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳони муосир террористону экстремистон дар зери таъқибу фишоранд ва дур аз ватану наздикони хеш буда, Ватангадоянд. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ингуна ҷилои Ватанкардаҳо ба як зарра хоку ба як қатра оби Ватан зору мубтало гардида бо хорию зорӣ, дур аз Ватану наздикон ҷон ба ҳақ месупоранду ба доди онҳо касе нахоҳад расид. Зеро ин ду мисра шеъри шоирро ба ингуна лаҳзаҳои пушаймонгардии онҳо мувофиқ сохтан мумкин аст, ки шоир гуфтааст:
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзӯ,
Во ҳасрато, ки ин орзӯ мебарам ба хок.
гуфтанҳои онҳо, онвақт натиҷае нахоҳад дод. Аммо мардуми меҳнаткашу сулҳпарвар ва озодихоҳи мо хоҳанд гуфт:
Хас каму ҷаҳон пок!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *