Дар пайи қофилаи дурӯғҳои сомонаҳои иғвоангез, сомонаи мафтуни наҳзатӣ бо номи «порстудей» аз забони «коршинос»-и аз воқеа бехабар Хопёрская гуфтааст, ки «Г.Ҳалимов дар Афғонистон аст». Ин сомона бо бешармии хос ахбори дурӯғро ба нашр мерасонад. Айби Исоро аз Мӯсо гирифта, гӯё тарсу ҳаросро паҳн карданӣ аст, собит месозад, ки пойбанди арзишҳои ботили наҳзатӣ мебошад ва бо бемасъулиятӣ ба имиҷи як кишвар бозӣ мекунад. Садқа шавам Худоро, Як бому ду ҳаворо, тактика ва стратегияи ин сомона аст, ҳар хасу нокасро минбар медиҳад, иғво меангезад, ҷанг меандозад.
Вале чи тавре ки ҳафате пештар хабар дода будем, «Гулмурод Ҳалимов мурдааст: хас каму ҷаҳон пок». Вақтҳои охир дар расонҳои хабарии ифротӣ доир ба Гулмурод Ҳалимови хоин хабарҳои гуногун интишор меёбанд. Албатта чунин расонаҳо ба хотири сохтани ҳангомаҳо аз хабару иттилооте кор мегиранд, ки ба манфиати маблағгузоронашон мебошад. Дар робита бо Гулмурод Ҳалимов расонаҳои иттилоотии мазкур ахбори зидду нақиз паҳн карда, ба ин восита ин меҳанфурӯшро ба симои хабарсоз табдил мекунанд. Чанд нуктаро дар ин маврид таъкид кардан мехоҳам:
a. Ба симои хабарсози расонаӣ табдил ёфтани Гулмурод Ҳалим ҳам ҳадафнок аст. Агар ҳадафи аввалӣ барои расонаҳо тавассути ахбори ҳангомабарангез ҷалби таваҷҷуҳи хонандагону корбаронро ба даст овардан бошад, аз тарафи дигар, ба ҷомеа ва мақомоти қудратӣ расонидани паём аст. Паёми тарсу ваҳшат ва даҳшату ноамнӣ. Ин навъ муборизаҳои иттилоотӣ ва расонаӣ дар бисёр кишварҳои дунё ба назар мерасад ва интишордиҳандагони маводи хабарӣ мекӯшанд, ки фазои маҷозӣ ва иттилоотиро таҳти контроли равонӣ дароваранд ва аз даҳшату ваҳшатро созмон бидиҳанд.
2. Дар ин замина, ахбори вобаста ба Гулмурод Ҳалим зарур аст ва метавонад дар муҳитҳои иҷтимоӣ ҳангомаро ба вуҷуд биёварад ва фазои ноамнию бесуботии равониро заминагузорӣ намояд. Албатта, ин назари мост ва метавон бо он баҳс кард. Ба ҳар сурат, наҳваи муборизаҳои иттилоотии имрӯзӣ моро ба ин натиҷа расонд.
3. Бармегардем ба шахсияти Гулмурод Ҳалим. Ӯ ба гирдоби балое, ки бо номи ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ маълум аст, мубтало буд. Ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ ҳар нафари дилхоҳро беҳувият мекунад. Ҳувият олами андешаи инсонист, ки бар мабнои ақлу хирад ва мантиқи зиндагӣ созмон меёбад.
4. Беҳувиятӣ бошад, раванди бехабарӣ ва инҳирофоти фикрию равонии фардист, ки бар асари нодонӣ ва ҷаҳолатпарастӣ рух мезанад. Беҳувият сохтани инсонҳо дар бозиҳои имрӯзаи сиёсӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ асл ба шумор меравад ва ҳар қадар афрод, инсонҳо, ашхос ва гурӯҳҳо ба масри беҳувиятӣ кашида шаванд, ҳамон қадар имкони сар задани нооромию бесуботӣ ва натиҷатан, ҷангу даргириҳо афзуда мешавад. Аз Гулмуродҳо дар бозиҳои имрӯзӣ зиёд истифода мешавад, зеро ки маҳз онҳо, бар асари беҳувиятӣ, арзишҳои миллию бумӣ ва башариро зери по мекунанд ва дар фазо даҳшату ваҳшатро ба вуҷуд меоваранд.
Дигар ин ки овозаҳои кушта шуданаш дар ҳарбу зарби гурӯҳҳои тундрав чандин маротиба паҳн гардидаанд, вале барои баъзе гурӯҳҳо ва доираҳои сиёсӣ паҳн кардани хабарҳои зиддунақиз дар атрофи Гулмурод Ҳалим манфиатовар аст.
Еще в сентябре сего года, по сообщению INTERFAX.RU стало известно, что «Российские самолеты уничтожили в Сирии “министра войны” ИГ и “амира Дейр-эз-Зора”. “По подтвержденным сведениям, среди уничтоженных боевиков – четыре влиятельных полевых командира, включая амира Дейр-эз-Зора Абу Мухаммад Аш-Шимали, отвечающего за финансы и переброску завербованных новобранцев на тренировочные базы “ИГИЛ””, – сказали в военном ведомстве. “Установлено также, что на совещании находился “министр войны” международной террористической группировки “ИГИЛ” Гулмурод Халимов (экс-командир ОМОН МВД Таджикистана – ИФ), который погиб от смертельного ранения”, – заявили в Минобороны (https://www.interfax.ru/world/578269).
Аз ин рӯ, исми Гулмуродро дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи омма ва хонандагони расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мекунанд ва авзоъро омӯхтанӣ мешаванд.
Фаридун Ориёӣ, таҳлилгар