ИЗҲОРОТИ БАХШИ ТАБЪУ НАШРИ ДИС ДДТТ ОИД БА ҲУКМИ ҲУСЕЙН АБДУСАМАДОВ, КИ ДАР РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ ДАСТГИРӢ ЁФТ!

Ахиран дар расонаҳои хабарӣ матлабе мунташир шуд, ки ТТЭ ҲНИ-ро дар даст доштан дар куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ гунаҳкор медонанд. Бубинед, баъди чандин моҳҳои тафтишот ахиран собит гашт, ки дар баробари ДИИШ ТТЭ ҲНИ низ аз гунаҳкорони асосии ҳодисаи даҳшатбори куштори сайёҳони хориҷӣ мебошад.

Ҳусейн Абдусамадов дар мусоҳибааш бештар ба нақши ДОИШ (“Давлати исломӣ”) ишора мекунад, то ба ҲНИ:  ӯ мегӯяд – Мо аввал роҳи Душанбе – Майхӯраро дидем, вале ягон сайёҳ ба чашмамон бар нахӯрд. Баъд роҳи Душанбе – Турсунзодаро дидем. Ва баъди ин ба дидани роҳи Душанбе – Кӯлоб рафтем. Дар ноҳияи Данғара 7 сайёҳро вохӯрдем, ки савори велосипед ба тарафи Душанбе мерафтанд. Ба онҳо ҳамла кардем. Аввал – бо мошинҳо, сипас бо корд ҳамла овардем ва аз ҷои ҳодиса фирор кардем.”

Ин нахустин чунин ҳамла дар Тоҷикистон буд ва террористон ҳадафмандона хориҷиҳоро меҷустанд, то дар соле, ки дар ин кишвар Соли рушди туризм эълон шудааст, обрӯи Тоҷикистон дар ҷаҳон паст шавад. Абдусамадови 32-сола низ дар мусоҳибааш инро тасдиқ мекунад: “Ин ба фоидаи Сурия ва Ироқ буд, ки мо онҷо дар сафи ДОИШ будем. Баъд Қорӣ Носир гуфт, бо ДОИШ маслиҳат шудааст, ки ба сайёҳон ҳамла кунем, то ба Тоҷикистон осеб расида, сатҳаш дар арсаи байналмилалӣ пойин равад.

Падидаи ҷолиб ва фаромӯшнашуданӣ аз зовияи таърих он аст, ки  Ҳусейн Абдусамадов пурра ва довталабона аз нақшаҳои тахрибкоронаи ҳизби террористии наҳзат парда бардошта, ба гуноҳи худ, ки дар ноором сохтани вазъияти чумҳурӣ ифода меёбад, иқрор шуд.  Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд. Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситонии кулл, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали куштори сайёҳон ҲНИ-ро айбдор карда, гуфтанд, ки видеои ба ДОИШ савганд ёд кардани ҳамлагарон танҳо ба хотири гӯл задани тафтишот аст. “

 Он чи ки дар раванди баррасии парванда маълум шуд, гирифтани дастуру супоришҳои мустақими роҳбарияти ҳизби наҳзат ба ин тоифаи террористон ва сармоягузорӣ кардани онҳо тавассути миёнарави ТТЭ ҲНИ қорӣ Носир мебошад.  Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст. Бо назардошти ин падидаи равшан гуфтан мумкин аст, ки даст доштани ҳизби наҳзат аз рӯйи дидгоҳи мутахассисон дар ин гуна амалиёти террористӣ як амри фаҳмо ва қобили дарк мебошад.

Мо баъди мутолиаи хабарҳои шабакаҳои машҳури ҷаҳонӣ ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ гунаҳкори асосии ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ мебошанд ва бояд дар назди қонун посух гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *