Дар радиои «Озодӣ” хабаре интишор шуд, ки дар назди дафтари САҲА дар Душанбе субҳи 7 сентябр Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба сараш моеи монанд ба бензин рехта, аз ҷабри раиси ТЭТ ҲНИ мехост даст ба худкушӣ занад.
Даҳҳо нафар бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИ ва раҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, инчунин навиштаҷоти “Нест бод терроризм” дар назди дафтари САҲА дар Душанбе таҷаммӯъ карданд. Лаҳзае, ки полис барои пароканда кардани ин нафарон, асосан ҷавонон омаданд, модари Ҳусейн Абдусамадов – Гулчеҳра Шодмонова пайдо шуд ва дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд нахуст САҲА-ро дар мизбонии Кабирӣ гунаҳгор кард.
Гулчеҳра Шодмонова бо исрор таъкид мекунад, ки САҲА ба Кабирӣ минбар медиҳад ва ин одам дар гумроҳ кардани писари ӯ, ки дар ташкили амали террористӣ дар Данғара гумонбар мешавад, гунаҳгор аст. Баъди ин ба даст як шишаи пластикӣ ё баклажкаро бо моеи номаълуме ба даст гирифт, аз сараш рех ва таҳдид кард, ки худро дар ҳамин ҷо оташ мезанад“. Соатҳои 9 субҳи 7 сентябр дар назди дафтари барномавии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд.
Ҳар сол мухолифоне, ки ки дар конференсияи Варшава иштирок мекунанд, нисбати Тоҷикистон суханҳои бардурӯғ мегӯянд ва аз ин хотир ҷавонони фаъоли кишвар ба ин чиз бетараф нестанд. Чунин созмонҳои бонуфуз дар доираи ҳуқуқҳои ҳамаи сайёра сухан меронанд, аммо барои ҳадафу манфиатҳои худ ҳар хел гуруҳҳои террористиву экстримистиро дастгирӣ мекунанд.
Мо ҷавонони бонангу номуси кишвар, аз гирдиҳамоии сокинон дар назди САҲА пуштибонӣ карда, амалҳои террористию экстремистии ҲНИ маҳкум менамоем. Онҳо дар минбари САҲА ҳуқуқи сухан гуфтан надоранд ва набояд нисбати давлату миллати тоҷик бадгӯӣ намоянд. Мо баъди тамошои филмҳои мустанад, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, бовар ҳосил кардем, ки ТТЭ ҲНИ дар ҷиноятҳои вазнинтарин даст дорад ва барои ин аъмоли зишт фаъолияти он дар кишвар бо қарори Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ эълон гардидааст.