Изҳороти ҷавонони ДИС ДДТТ оид ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар. Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *