Изҳороти ҳайати омӯзгорон ва кормандони ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ доир  ба баромади моҷароҷӯёнаи навбатии Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо, ҳайати омӯзгорон ва кормандони ҷомеаи меҳнатии донишкада нисбати баромадҳои  душмани миллат, роҳбари собиқ ҲНИ – Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, андешаронӣ ҳоҳем намуд. Вобаста ба ин бояд қайд кард, ки санаи 3 августи соли равон Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” боз худро бо сиёсати моҷароҷӯёнаи навбатиаш, таҳти унвони “Оё болои мусалмон ҳамеша бояд як диктотур бошад” “сиёсатмадор” нишон дода, дар бораи вазъи сиёсиикишвари Тунису Туркия ва Толибон сухан ронда, бо ин роҳ мардуми кишварамонро гумроҳ кардан кӯшиш намуд. Кабирӣ  зимни баромадаш суиистифода аз дини мубини Ислом сухан карда, дар бораи табадулоти кишвари Тунис ва асосан доир ба мафҳуми “Деморатия” бо фаҳмиши худ шарҳу эзоҳи беасос намуда, қайд кард, ки аз сабаби саривақт пешгири накардан аз бемории сироятии короновирус “COVID-19″”  роҳбарияти олӣ, аз ҷумла Сарвазири кишвар гӯё аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шудааст. Сабаби сабукдӯш намудани роҳбарияти кишвари мазкурр бевосита муборизаи мардуми Тунис маънидод намуд. Вазъияти бамаломади кишвари Тунисро “хуб” арзёбӣ намуда,оид ба фаъолияти парламент ва Конститутсияи Тунис сухан карда. бо ин роҳ мардуми кишварро чун солҳои 90-уми асри гузашта ба мубориза даъват намуд. Бояд ёдовар шуд, ки Кабирии бадхоҳ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус “COVID-19″” ба ҷои тасаллӣ додани мардуми кишвар, баръкас машғули гапҳои сафсата шуда, амали  иғвогаронаро  пешаи худ намудааст. Дар фарҷоми баромадаш бо афродони номаълуму шубҳанок, ки аз номунасабаш маълум аст, суолу ҷавоб доир гардид. Хонандаи закӣ пас аз номбар кардани ному насаби он ашхос бешубҳа дуруст пай мебаранд, ки онҳо ҷавонони гумроҳшуда ҳастанд, амиқтараш пайравони ТТЭ ҲНИ мебошанду маҳзаби худро низ фурӯхтаанд. Яке номи Озодӣ, Шерҳои Оллоҳ дигаре тахаллус ё бо ном Тоҷикбачча, Интизорӣ ва ғайрахо ном гузошта дар сатҳи байналмилалӣ баромад намуда истодаанд. Ба обрую эътибори миллати тоҷик ва умуман кишвар бояд эътибор дод! Рафти ҷараёни суолу ҷавоб асосан вобаста ба интихобот ва  пешбарии Кабирӣ ба мансаби Президентӣ сухан рафт. Гӯё давраи интихоботӣ бошад. Кабирӣ бо ин спектакли ба саҳнагузоштаи навбатиаш мансабталош буданаш ва умуман мақсади ғаразнокашро  бори дигар аён ва  исбот намуд. Дар вокеъ рӯзгор нишон медихад, ки нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, нопок, беномус  ва бадсиришт мебошад. Ҳамин холатро дар мисоли аъзоёни ТТЭ ҲНИ бахусус Кабирӣ дидан мумкин аст. Зеро ҳамаи нахзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд  ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин гувоҳ аз хамон гуфтахои болост. Хулоса,  хиёнат ба Ватан амали нобахшиданист!!!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *