Изҳороти аҳли ҷомеаи устодону донишҷўёни ДИС ДДТТ нисбати таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик»

Кулли кормандону устодон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро сахт маҳкум менамоянд ва дар шароити кунунӣ таъсисёбии ҳаргуна анҷмуну созмонҳо ва гуруҳҳоро дар дохил ва хориҷи кишвар хилофи арзишҳои миллӣ медонанд. Мо ҳама хуб медонем, ки аз таъсиси чунин анҷуману гуруҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо бўйи солҳои навадуми асри гузашта меояд, ки кишвар ба гирдоби ҷангу ҷидолҳо ва вартаи парешонию нобудӣ афтод. Мо хуб медонем, ки ғарази таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик» чист? Ғарази ин анҷуман на таблиғи дин ва на намоиши демократия аст. Агар Шумо озодфикрон бошед, биёед ба Ватан озодфикриатонро пешниҳод кунед, агар ба манфиати халқ бошад, шуморо ҳукумат дастгирӣ мекунад. Агар ободгар бошед, биёед Ватанро бо ҳам обод кунем.
Ҷавонони Тоҷикистон, аз он ҷумла донишҷўёни ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд имрўзҳо аз пайи ободкорию шукуфоии сарзамини аҷдодиамон мебошанд. Мо аз гузашти вақт ва саҳфаҳои таърихи кишвар бояд ибрат гирем ва фирефтаи афкори бегонагон нагардем.
Мо кулли кормандону устодони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд хуб медонем, ки ин «Анҷуманҳо», ин ҳаракатҳову гуруҳҳо дар хориҷи кишвар чӣ мехоҳанду чӣ меҷўянд. Мо ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонаву заҳролуди онҳо нахоҳем гашт.
Ин нафарони «равшанфикр», ки имрӯз дар хориҷи кишвар таҳти дастгирии хоҷагони беруна қарор дорад, мехоҳанд бо дасти дигарон дар Тоҷикистон табадуллот кунанд. Гуиё онҳо як қувваи бузурганд ва «идеяҳои пешрави онҳоро халқ дастгирӣ мекунанд.
Мо, кулли устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҳама гуна анҷуману ҳаракатҳои ба ном озодандешро маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.
Мо пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ҳар гуна анҷмунау гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, ин гуруҳҳо бо мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!

Аҳли ҷомеаи устодону
донишҷўёни ДИС ДДТТ

13 Комментариев для “Изҳороти аҳли ҷомеаи устодону донишҷўёни ДИС ДДТТ нисбати таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик»”

  1. Мо хама тарафдори сулху вахдат ва якдилии мардуми кишварем. Бас аст анчуману хизбу гурухбозихо!!!

  2. чаро дасисабозиро бас намекунед!!!

  3. Ин анчуман ба ки лозим аст ва чи хидмате ба мардум мекунад. Хеч!!!

  4. Мо тарафдори изхороти устодону донишчуёни ДИС ДДТТ мебошем.

  5. Анчуман дар аврупо дар фикри чист, хочагонаш кист ва чи гаразхои тира дорад.

  6. Зинда бод сулху дусти ва вахдати точикон, нест бод тафрикаву гумрохи ва чудоисозиву анчумансози

  7. дар либоси дустдори кори душман мекунанд

  8. Анчуман дар аврупо дарду ранчаш барои Точикистон. Миллатро сарчамъ бояд кард на тафрикаву чудоиандози.

  9. Ин нафарони «равшанфикр», ки имрӯз дар хориҷи кишвар таҳти дастгирии хоҷагони беруна қарор дорад, мехоҳанд бо дасти дигарон дар Тоҷикистон табадуллот кунанд. Гуиё онҳо як қувваи бузурганд ва «идеяҳои пешрави онҳоро халқ дастгирӣ мекунанд.

  10. Мо, кулли устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҳама гуна анҷуману ҳаракатҳои ба ном озодандешро маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

  11. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, ин гуруҳҳо бо мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!

Leave a Reply to Навруз Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *