Тавре маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар изҳороти худ оид ба вазъи сарҳад ва ҷамъоварии қуваҳои иловагию техникаи ҳарбӣ, сарҳадшикании ҳавоӣ аз ҷониби бесарнишинҳои Қирғизистон хабар дод, мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ-ро сахт нигарон намуд. Мо ин амалҳои ноҷавонмардонаи ҷониби Қирғизистонро сахт маҳкум менамоем.
Чуноне, ки ҳамагон тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем дар манотиқи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷониби Қирғизистон бо вайрон кардани қарордодҳои баимзорасида боз ба ҷамъ овардани ҳарбиён, техникаи вазнини ҷангӣ, истеҳкомгирӣ ва шикастани хати сарҳади ҳавоӣ иқдом намуда истодааст. Далелҳои раднопазир ва аксҳое, ки дар изҳорот оварда шудаанд, бозгӯи он ҳастанд, ки Қирғизистон нисбати оқибатҳои муноқишаҳо, ҳалок гардидани одамон аз ду ҷониб, ба вайронаву харобаҳо табдил ёфтани манзилҳои обод ва истиқоматии шаҳрвандони ҳарду ҷониб аслан парвое намекунад.
То кай мекунад давом ин корҳои бесомон, охир мо мардуми ба ору номуси тоҷик таи қарнҳо аст, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Мардуми қирғиз чӣ ҳуқуқ дорад, шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст мезанад ва гапу калочаҳои беасосро паҳн макунад. Ҳукумати Тоҷикистон нотавон нест! Мо мардуми ба ору номус ҳастем ва як қатра ҳам ҳаққи касро намегирем. Зеро ҳаққи кас ҳаром асту насиб намекунад. Инро ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад. Пас чаро мо инсонҳои ба камолрасида соҳиби ақлу заковат нисбати худ ин гуна амалҳои беинсофонаро раво мебинем. Барои ин корҳоро ҳаллу фасл намудан мо мақомотҳои дахлдор дорем, ки онҳо ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ва барои ҳарду кишвар муфид ҳаллу фасл менамоянд, то ки мо мардуми дӯсту ҳамсоя дар фазои орому осоишта умр ба сар барем. Пас чаро ҷониби қирғизҳо аҳдшиканӣ мекунанд ва боз ба он моро гунаҳкор меҳисобанд?
Аз тамоми фаъолону орифону фозилони ватанӣ даъват ба амал меорем то бо ин амалкарду рафтору кирдори ҷониби Қирғизистон муборизаи беамон бурда онро маҳкум намоянд.