Мо, аҳли ҷомеаи кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ фаъолияти пасипардагии Ҳизби ғайриқонунию экстремистиву террористии Наҳзати ислом, Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 ва дигар гуруҳҳои ифротгароро маҳкум намуда, ба тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохил ва хоричи кишвар зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд, муроҷиат менамоем:
Вақтҳои охир дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор, хулоса миёни тамоми хосу ом қарор гирифтааст.
Фаъолияти ғаразноки онҳо аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тунрав шомил шуданд. Ҳатто бо даъвати худ онҳо ҷавононро гумроҳ намуда, бо ҳамин роҳ фирефтагони хешро ба давлати чангзада сафарбар менамуданд, ки дар натиҷа, даҳҳо ва садҳо кӯдаконро бепадару модар намуда, хазорон оиларо аз байн рабуд.Зеро онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, хадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломй”-ро доштанд.
Дар хулосаи ин изҳорот, мо таъкид менамоем, ки ба ҷахолату вайронкориҳои ТЭТ ҲНИ маърифату бунёдкориро муқобил гузошта, гуфтугӯи тамаддунҳо, вахдату ҳамадилӣ ва ягонагиро ба роҳ мемонем.
Нерӯи зеҳнии хешро бар зидди акидаҳои бегонапарастӣ равона намуда, барои ободиву оромӣ, тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат талош хоҳем намуд.