ИЗҲОРОТИ АҲЛИ ҶОМЕАИ ДИС ДДТТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ОИД БА ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ДЎСТИВУ БАРОДАРИИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

ИЗҲОРОТИ АҲЛИ ҶОМЕАИ ДИС ДДТТ
ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД ОИД БА ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ДЎСТИВУ БАРОДАРИИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ
Мусаллам аст, ки муносибатҳои дӯстиву бародарии тоҷикону қирғизон таърихи зиёда аз 4 аср дорад. Воқеан, аз қадимулайём, дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар оғози соҳибистиқлолӣ то имрўз тоҷикону қирғизҳо дӯстонаву бародарона зиндагӣ доштанд. Вале мутаассифона, солҳои охир дар Исфара, бахусус дар ҷамоати деҳоти Ворухи вилояти Суғд ва деҳоти ҳаммарз бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои марзӣ рух дода, боиси ҷангу ҷидол ва ба ҳам дарафтодани сокинон мегардад. Чунончї, дар ҳаводиси ахири ҷамоати деҳоти Ворух чанд тан аз сокинони ин деҳа ҷароҳат бардошта, як нафар ба ҳалокат расид.
Воқеан, Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ ҷанги сангини шаҳрвандиро паси сар кард ва оқибатҳои ногувори онро хуб дарк мекунад. Пас мо бояд бо ҳамсояҳо дар ҳусни тафоҳум, якдигарфаҳмӣ ва дӯстию бародарӣ зиндагӣ кунем ва нагузорем, ки ҷавонони мо ба эҳсосот дода шуда, ба амалҳое даст зананд, ки муҷиби барангехтани кинаву адоват ва ҷангу ҷидол гардад.
Дар иртибот ба ин, қайд кардан зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ворух ташриф оварда, бо мардуми он мулоқот намуданд ва изҳор доштанд, ки ҳатман ин мушкилоти ба миён омадаро ҳаллу фасл хоҳем кард. Ҳамчунин Президенти Қирғизистон низ ба минтақаи марзӣ ташриф овард ва баъди мулоқоти роҳбарони олимақоми ҳар ду кишвар онҳо аз мардум даъват ба амал оварданд, ки ботаҳаммул бошанд, даст ба амалҳои ҷинояткорона назанад, ҳамчун ҳамсояи хуб бо ҳам рафтуомад кунанд ва то ҳалли пурраи аломатгузории марз ба кирдорҳои ҷиноятӣ роҳ надиҳанд.
Мо боварии комил дорем, ки сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғди шаҳри Исфара ва мулоқот бо роҳбарияти олимақоми Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳалли мунокишаҳои марзӣ нуқта мегузорад ва ҳар ду миллат дӯстонаву бародарона зиндагӣ менамоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *