Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба филми “Хиёнат” ва аъмоли ношоистаи бадхоҳони миллат

Аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ силсилафилми “Хиёнат”, қисматҳои чор ва панҷуми онро тамошо карда, бори дигар аз хиёнату бадкории душманони миллат дар оғози соҳибистиқлолии ватани азизамон огаҳ гаштанд. Дар филм бо суҳбату гузоришҳо аз нақли шоҳидони воқеа мисолҳои мушаххас аз бадкориҳои ТТЭ ҲНИ нишон дода шуда, ниятҳои нопоки онҳоро фош намудаанд.

Таркишу куштор, даҳшатафканию хунрезӣ, ки имрӯзҳо дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ба назар мерасад, маҳз натиҷаи ихтилофи байниҳамдигарии мардум аст ва фикр мекунад яке аз сабабҳои ба сулҳу ваҳдат расидани Тоҷикистони азизи мо ин ақлу заковат ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонистанд ба кишвар сулҳ оваранд ва мардуми тоҷик аз ин ҳиммат ва ҷоннисориҳо як умр бояд мадюн бошанд.

Аммо ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам бадхоҳони миллату давлат мехоҳанд ормонҳои зиддимилии хешро таҳти ниқоби дини Ислом амалӣ созанд. Онҳо аз ҷиноятҳои кардаи хеш таҳти пайгард қарор гирифта, имрӯз дар дигар гушаи олам суи ватани мо сангандозӣ мекунанд.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» кас ангушти ҳайрат мегазад. Наход мусалмон ин қадар бераҳм бошад? Ин ҳама зулму ситам нисбати ҳамдигар аз куҷо сарчашма мегирад? Тоҷик ба тоҷик чаро раҳм накарда, кирдорҳое содир мекунад, ки дар ягон қолаби инсонӣ намегунҷад.  Роҳбарияти ҳизби собиқ наҳзати исломӣ дар як муддати кутоҳ чандин кушку манзилҳои барҳаво бунёд кардаву, боре ҳам андеша накарданд, ки онҳо ҳамчун як сокини ин Ватан барои ин миллат чӣ хизмат кардаанд? Фикр мекунам барои ин қабил мардум мақсад танҳо ҷамъ намудани боигарӣ ва ғорати руирости мардум будааст.

Мо аъмоли ношоистаи душманони миллатро шадидан маҳкум менамоем ва барои ободию осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол талошҳои созанда менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *