Дар шаҳри Қоҳира конфронси байналмилалӣ таҳти унвони: «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» баргузор гардид. Ин конфронс бо иштироки сиёсатмадорону олимон ва устодону пажуҳишгарон доир гашт, ки ҳар як иштирокчиён бо далелу асноди собит перомуни фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.
Барои мо хулосаҳои хотимавии конференсия, пажуҳишгарони машҳури мисрӣ — собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии Вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф мақбул афтоданд ва онҳо чунин пешниҳодҳои арзишмандро барои ояндаи дурахшони ҳар ду кишвар манзур сохтанд:
1. Фаъол гардондани тамоми муассисаю мақомотҳои давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди идеологияи созмонҳои террористӣ ва хатарҳои он.
2. Ҷоннок намудани нақши ВАО дар мубориза ба муқобили таблиғоту ташвиқоти тахрибии созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ.
3. Ба роҳ мондани сафару вохӯриҳои дуҷонибаи коршиносону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Миср ҷиҳати табодули бештари донишу таҷриба дар масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм.
4. Барпо намудани чорабиниҳои муштарак, аз қабили конференсия, семинар ва мизи мудаввар барои муҳокимаи паҳлуҳои гуногуни экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии интишори онҳо.
5. Роҳандозии ҳамкориҳои судманд миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва воридсозии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дар кишварҳои арабӣ, мусулмоннишин, ҳамчунин созмонҳои арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ.
6. Дар давоми соли ҷорӣ барпо намудани конференсияи байналмилалӣ бо ҷалби намояндагони кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин, ки «Ихвон-ул-муслимин»-ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф кардаанд (Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Кувайт, Алҷазоир, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Россия ва Хитой).
7. Маҳкум ва ҷилавгирӣ намудани дахолати Эрон ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, кумакҳои доимии он ба созмонҳои террористӣ ба мисли «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, аз ҶИЭ талаб кардани эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо.
Ин пешниҳодҳои хеле ҷолиб мебошанд ва мо мардуми тоҷик онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем.
Лозим ба таъкид аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (аҳолии давлатҳои аъзои ин Созмон беш аз 3,5 млрд), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Макарзи зиддитеррористии ИДМ ва ғайра ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардидааст.
Имрӯзҳо мо мебинем, ки баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯистифода карда истодаанд. Ин иғвогарон бо ташкили ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба дили баъзе ашхоси ноустувор ва сустирода ҷой гирифта, онҳоро гумроҳ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, мо набояд гузорем, ки чунин иғвогарон ба мақсадҳои нопоки худ расанд, ҷавононро роҳгум созанд, мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонони арҷманди диёрамон дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд.