Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба амали террористию экстремистии ДИИШ

Устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ амали гурӯҳи 20 нафараи экстремистиву террористӣ, ки шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи рақами 4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамла оварда, дар натиҷа як афсари ВКД ҶТ ва як сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро ба ҳалокат расониданд, маҳкум менамоянд.
Гурӯҳи экстремистиву террористӣ, ки тибқи нақшаҳои пешакӣ бо шикастани хати марзӣ шаби 3 ноябри соли ҷорӣ аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда буданд, мақсаду маромашон ҳисси ноамниву ноосоиштагиро дар кишвари мо барпо кардан буд. Аммо ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро, ки зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад, пуштибонӣ намуда, дар роҳи ҳифзи осудагиву амният ва гиромӣ доштани якпорчагии хоки Тоҷикистон содиқ буданд, ҳастанд ва мемонанд.
Дар ҷомеаи имрӯза экстремизму терроризм сарҳадшикан гардида, хусусияти глобалии худро то рафт густариш дода истодааст. Кирдори номардонаи шаби 6 ноябр аз ҷониби як гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ содиргардида ҳамин хусусияти экстремизму терроризмро дарак медиҳад.
Тавре аз манбаъҳои расмӣ огоҳ ҳастем, шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ як гурўҳи силоҳбадастон аз ташкилоти террористтии ба ном «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, ки мақсад аз ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи гуруҳҳои терористӣ ноором сохтани фазои суботу ороми Тоҷикистони азизамон дар арафаи ҷашнигирии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин разилони ваҳшӣ мехостанд дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ хуни шаҳрвандони бегуноҳро резонанду ҳаёти осудаи мардумро халалдор кунанд. Марзбонони шуҷои Ватан ба террористони зархарид имкон надоданд, ки сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Ин душманони инсоният мехостанд, ки мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум бадбахтиву мусибатҳои зиёд биёранд. Аммо мардуми ваҳдатофари тоҷик дигар он солҳоро дидан намехоҳад. Зеро мардуми сарбаланд ва шарифи Тоҷикикстон он рўзҳои шумро аз ёд набаровардааст.
Мо ин амали разилонаи ноҷавонмардонро маҳкум намуда, онро таҳдиде ба амнияти кишвар унвон менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *