ИЗҲОРОТИ аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар нисбати баргузории ҷаласаи САҲА дар Варшава

Ҷаҳони муосир, ки саршор аз зиддиятҳои фикриву ақидавӣ аст, аз ҳар фарди ватандӯст ва инсони солимфикр масъулияти баланди ватандорӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дарки зарурати таърихии расидан ба қадри озодиву истиқлоли миллиро тақозо мекунад. Хушбахтона, бо сабақгирӣ аз таҷрибаҳои озмуда мардуми тоҷик тамоми саъйу талоши худро ба он равона мекунанд, ки неъматҳои беҳтарини соҳибистиқлолии хешро ҳифз намуда, дигар фирефтаи суханони ононе, ки оромиш ва осудаи Тоҷикистонро намехоҳанд, нагарданд. Пешвои миллат барои Тоҷикистон дар баробари таҳкими истиқлолияти миллӣ неъмати бузургеро чун ваҳдати миллӣ ато намуданд, ки имрӯз мо ҳамагон вазифадорем, ки дар роҳи ҳифзи ин ду ганҷи бузург- истиқлол ва ваҳдати миллӣ якҷоя иқдом намоем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми тоҷик имрӯз боварии комил доранд, ки ин сулҳу ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат умри абад хоҳад ёфт ва бо гузашти фосилаҳо арзиш ва аҳамияти он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бештару пештар мегардад.

Мо, аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ бо хушҳоливу сарфарозӣ аз ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ  ва сулҳу субот ба нафароне чун хиётнаткори ватан ба мисли М. Кабирӣ  гуфтанием, ки миллати мо миллати тоҷдор ва мардумонаш босаводу комилақланд. Аз ҳамин лиҳоз барои сулҳу ваҳдат мекӯшанд, зеро асос ҳамин ваҳдат аст. Аз азал миллати  тоҷикро маҳз ҳамин хиради воло ба худшиносию таҳаммулпазирӣ  ба хушбахтию саодати беназир овардааст. Ва ин хушбахтиро дигар ба касе иҷозат намедиҳем,ва нахохад дод, ки барбод диҳад.

         Иштироки  намояндагони ташкилотҳои ТЭТ аз шаҳодат медиҳад, ки пеш аз ҳама САҲА фаъолияти худ ва мақоми худро дар миёни созмонҳо коста гардонид, зеро замоне, ки ба фаъолият оғоз намуда, давлатҳоро ба аъзогӣ даъват сохт дар кори онҳо танҳо мубориза бар зидди тероризм дида мешуд, на ҳамкорӣ намудан бо ТЭТ ҲНИ.

Эьтимоди комил дорем, ки  дар муддати начандон дур сафи чунин хиёнаткорон кам гардида, кишварамон бо такя ба нерӯи солими ҷавонон рушду тараққӣ  хоҳад кард. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ,  ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *