Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ дар бораи таъсиси нирӯҳои мухолифини тоҷик бо номи Паймони миллии Тоҷикистон

Дар шаҳри Варшава 4 созмони мухолифон – ҳизби наҳзати ислом, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – иттиҳоди нави нирӯҳои мухолифини тоҷикро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон таъсис доданд. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёде ба нашр расид, ки касро ба андеша кардан водор менамоянд.

Имрӯз дар бораи ин созмонҳои мухолифин мардуми тоҷик хеле кам медонанд ва ба ҷуз ТТЭ ҲНИ перомуни Анҷумани озодандешон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҷунбиши ислоҳот ва рушд маълумоти кофӣ надоранд. Чеҳраҳое, ки роҳбарии ин созмону анҷманҳоро ба уҳда доранд, аслан ба касе ошно нестанд ва фаъолияти онҳо ба тафриқаву ҷудоиандозиҳо равона гардидааст.

Шахсиятҳое, ки худро сарвари анҷману гуруҳҳои мухолиф медонанд, касе намешиносад ва эътироф ҳам намекунад. Мо ба ҳама мардуми сарбаланди кишвар муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромию суботи кишвар расед ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нагардед. Таъсиси  нирӯҳои мухолифини тоҷик бо номи Паймони миллии Тоҷикистонро мардуми тоҷик қабул надоранд ва хуб медонанд, ки ҳадафи асосии онҳо аз таъсиси ин гуруҳҳо дар чист. Бале, онҳо ба ин васила, дар Аврупо алайҳи миллату давлати тоҷик садо баланд мекунанд, дастоварду комёбиҳои кишварро нодида мегиранд, аз поймол шудани ҳуқуқҳои инсонӣ шиква мекунанд. Аммо, вазъ он чуноне, ки мухолифин воҳима мекунанд, чунин нест. Балки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ доранд ва баҳри он талош менамоянд, ки дар ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Мо, устодон, ба ҳамаи шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонони миллат муроҷиат карда мегуем, ки ҳаргиз  зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ташфиқоту тарғиботҳои ҳар гуна ҳизбҳо ва ҳаракатҳои терористӣ, реаксионӣ дода нашаванд ва ҷони худ ва наздиконро дар хатар нагузоранд.

Мо бояд шукронаи Ватани озоду ободи худ намуда, ҳама якдилу якҷон барои фардои дурахшони кишвар заҳмат кашем. Рисолати ҳар як шахси ватандӯст саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *