Ҳар шаҳрванди кишвар, қабл аз ҳама бояд бовар дошта бошад, ки Давлат ва Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарари халқи худ кор намекунад, баръакс вазифаи онҳо ғамхорӣ ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум аст. Дар давлатҳое, ки чунин фаҳмиш, ягонагӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати давлат дар муқобили таҳдидҳо дида шуд, онҳо аз ин вазниниҳо бо сарбаландӣ гузаштанд.
Мо аминем, ки миллати срабаланди мо бо фарҳангу тамаддуни волои оламгираш бори дигар аз имтиҳони вазнини таърихӣ бо сарбаландӣ, ва низому тартиби хоса, сабру таҳаммули хирадмандона убур хоҳад кард. Мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аз вазнинтарро ҳам паси сар кардем. Албатта, умед дорем, ки бо мадади Худованди бузург, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон ва ҳамфикрию ваҳдати мардуми кишвар аз ин вабои аср низ бо сарбаландӣ гузар хоҳем намуд. Танҳо ҳамаҷониба кӯшиш кунем, ки амалҳои мо ҳамагӣ ба кам кардани қурбонихои ин вирус равона шаванд. Пешвои муаззами миллат низ ҳамеша таъкид мекунанд, ки барои давлати мо ҳаёти ҳар шаҳрванди кишварамон азиз ва муқаддас аст.
Имрӯзҳо набояд ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавирус бовар кард ва гирифтори тарсу воҳима нашавем. Мутассифона, хоинони миллат берун аз Ватан овозаҳои зиёди бардурӯғ паҳн менамоянд, ки мақсади онҳо на ғамхорӣ ба миллат, балки халал расондан ба кори давлат, воҳимаафканӣ ва ноором намудани авзои ҷомеа мебошад.
Дар ин рӯзҳои ҳассосу душвор ҳар як фард бояд ба ҷои иллатҷӯию суханҳои зишт нисбат ба Ватан ва ҳамватанони худ пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошад, барои фароҳам овардани фазои мусоид ва зиндагии шоиста, солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии беморӣ саҳми арзанда гузорад.
Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тӯли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надода, дар баробари ҳама гуна маҳрумиятҳо мондагору пирӯз ва устувору побарҷо мондааст.
Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи Президенти Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон метавонад ба ин беморӣ пирӯз шавад. Аз ин рӯ, дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам ниҳода, ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ва пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат мусоидат намоед. Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем ва барои паҳн нагаштани ин бемории сироятӣ тадбирҳои муассир андешем.