Изҳороти аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ оид ба бемории короновирус ва риояи қатъии пешгирикунанда аз ин беморӣ

Дар Тоҷикистон чораҳои маҳдудсозӣ барои марказҳои хизматрасонӣ пас аз таваққуфи қариб думоҳа бинобар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус анҷом ёфт.

Дар ин рӯзҳои мушкил барои давлату миллат вобаста ба вазъи мавҷуда омӯзгорону аҳли фарҳангу ҳунар, адибону бонувон ва фаъолзанон вазифадоранд, дар тарғибу риояи дастури табибон бештар масъулиятшиносиро пеша карда, фарзандонро дар хона нигоҳ доранд, ба тозагии хонаву манзили зист, муҳити атроф бештар эътибор зоҳир намуда, тарзи ҳаёти солимро риоя ва ташвиқ намоянд.

Қайд бояд намуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии короновирус бояд ҳар як сокини кишвар бо мақсади ҳифзи саломатии худ гигиенаи шахсиро бо қоидаҳои беҳдошти саривақтӣ ва мунтазам риоя намояд. Дар сурати зӯҳури нишонаҳои бемории сироятӣ шаҳрвандон бояд ба табибон муроҷиат намоянд. Танҳо дар ҳамбастаги мо метавонем мушкилоти мавҷударо бартараф намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ идома бахшем.

Қарори маҳдудсозӣ барои марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қаблан содир шуда, бар асоси он имрӯз бояд он бардошта шавад. Дар кишвар марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ба реҷаи муқаррарии корӣ баргаштанд.

Шарти асосӣ барои ба кор оғоз кардани муассисаҳои мазкур, безараргардонии макони кор, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемияв ва қабули мизоҷон бо ниқобҳо мебошад. Ситоди ҷумҳуриявӣ қаблан гуфт, назорати риояи чунин талаботро бояд масъулини корхонаву муассисаҳо хуб ба роҳ монанд.

Ҳамчунин барои пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуввуми ин беморӣ гуфта мешуд чораҳои назоратӣ пурзӯр карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар пайи ин, ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагони кишвар тағйиротеро ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қабул кард, ки бар асоси он барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ аз 5 то 10 соли зиндон ва ҳамзамон ҷарима пешбинӣ шудааст. Инчунин бар асоси тағйирот ба Кодекси маъмурии кишвар нафароне, ки бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ мегарданд аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд. Ин тағйирот пас аз қабули Маҷлиси миллӣ ва имзои раисиҷумҳур қонунӣ хоҳад шуд.

Мо аҳли ҷомеаи ДИС ДДТТ аз мардуми шарифи кишвар даъват ба амал меоварем, ки барои пешгирии бемории короновирус риояи ҳатмии гигиенаи шахсиро ба роҳ монда, ба гуфтори бардуруғ ва дасисаҳои бадхоҳон дода нашаванд. Мо боварӣ дорем, ки Ҳукумати кишвар ва дигар ниҳодҳои марбута барои мубориза ба короновирус омодаанд, аллакай корҳои назаррасро дар ин самт иҷро карданд. Мо бояд софдилона барои ободии Тоҷикистон заҳмат кашем ва тавсияву фармоишҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо короновирусро иҷро намуда, барои пурра решакан намудани ин беморӣ талош намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *