Имрузҳо дар рузномаҳои хориҷӣ ва дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз тарафи хоинони миллат ҳамчун Кабирӣ ва хизматгорони хоҷаҳои хориҷии онҳо бисёр мақолаҳо , видео роликҳо нашр шуда истодаанд, ки характери реаксионӣ доранд ва бо ҳар гуна роҳҳои росту дурӯғ мехоҳанд шаҳрвандони ҷумҳурӣ, махсусан ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбҳо ва ба сафи артиши ба ном Давлати Исломӣ шомил кунанд ва дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо нооромӣ барпо кунанд.
Баргузории гирдиҳамоии иддае аз ҷавонони асолатбохта дар Олмон сару садоҳое зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Мо ҳама гуна иғво, бадгӯиҳо ва беҳдугиҳоро нисбати Тоҷикистони азизамон маҳкум менамоем. Бас аст ин ҳама гумроҳию нодонӣ ва гирифтори ҷаҳолат будан. Магар ҳаводиси Шарқи Наздик, авзои Сурия, Ироқ, Афғонистон барои Шумо дарси ибрат нест. Бо ин ҳама валвала мехоҳед кишварро боз ба ноамнию ҷангу ҷидол кашед.
Мо шаҳрвандони бо ору номуси миллат ба Кабирӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо муроҷиат карда гуфтанием, ки онҳо дасти хунолуди худро аз давлати ороми мо гиранд, пои қадами номубораки худро ба Тоҷикистон нагузоранд. Мо намегузорем , ки дар Тоҷикистон ҷанг шавад ва сиёсати ҳукумати мамлакатро ба пуррагӣ тарафдорӣ мекунем.
Раҳимов Э.Э