Терроризм солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабои асри XXl эътироф шуда, ба ҳастиву саломатии бани башар муассир буда, худ ҷой доштанаш дар миқёси як минтақа ё як кишвар гувоҳ бар оқибатҳои фалокатбори он аст.
Терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилоти ҷаҳонест, ки замони муосир ба девори муносибатҳои байналмилалӣ рахна ворид меояд. Терроризми байналмилалӣ, мутаассифона, дар миқёси ҷаҳон торафт васеъ доман паҳн менамояд. Ҳарчанд бино ба андешаи аксари муҳаққиқон, терроризму ифротгароӣ (экстремизм), як навъ, падидаҳоеанд, ки дорои ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, этникию идеологӣ ва хусусияти равонӣ буда, аз зуҳур ва сар заданашон ҳеҷ як давлату халқу миллат дар амон нест.
Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, тавсеаи фаъолияти гуруҳҳои ифродгарою террористӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти муҳимии мавзӯъ, дар мавриди хатарҳои ҷаҳонӣ ин зуҳуроти нангинро чунин арзёби мекунанд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда аст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатхои хориҷӣ мусоидат менамоянд.»
Дар воқеъ, ҷои таассуф аст, ки дар чанд даҳсолаи охир терроризму ифротгароӣ зери ниқоби гуруҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ баромад намуда, хусусиятҳои диниву масхабӣ касб мекунанд. Яъне гуруҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезаданд. Чун ағлаби фирқаву ҷараёнҳои афротӣ аз номи дини мубини ислом даромад намуда, аз ин оини муққаддас чун василаи татбиқи хадафҳои муғризона истифода мекунанд, дар натиҷа номи ислом ва пайравони он чун « дини терроризм» ва «террорист» доғдор мегардад.
Аз нуктаҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хуби ҳувайдост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби замон омада аст ва дар ин самт аз роҳу василаҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Зеро мардуми Тоҷикистон, ки ҳануз солҳои нахустини мустақилияти кишвар чунин таҳдиду хатарҳоро дида буд, дар ин самт таҷриба дорад. Аз ин рӯ, мутмаинем, ки халқи азизамон бо назардошти вазъи ҳассоси минтақа ва ҷаҳон партави сиёсати созандаи Президенти мамлакат ба гурӯҳҳои ғаразҷӯ имкон намедихад, ки суботи моро халалдор созанд.
н.и.и., сармуаллимаи
кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Мухитдинова Ш.С.