Изҳорот оид ба дасиса ва иғвои навбатии Гурӯҳи 24

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Гурӯҳи 24 боз садо баланд карда, ба иғвою дасисабозиҳо даст заданд. Як гурӯҳ, ки теъдодашон панҷғшаш нафар мебошанд, дар Олмон гӯё гирдиҳам омада, аз Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар ва вазъи демократикунонии ҷомеа изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо. Онҳо кистанду чӣ мақсад доранд, ҳама медонанд. Бояд андеша кард ва фирефтаи афкори аҷнабиён нагашт. Душманони миллат ба корҳои бад ва ношиста даст зада, обрӯи кишварро дар арсаи байналмилал паст мезананд. Бас аст, бадгӯиву дуруғгӯиҳо, киро фиреб медиҳед, биёед ба шукронаи сулҳу ваҳдат даст ба чунин амалҳои ношоиста назанем.
Барои мардуми точик, истиклолият ва Ваҳдати ҷумҳурии неъмати гарон аст, ки бо ҷаҳду талошҳои софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, то ки ормонҳои деринаи мардуми кишварро амалӣ намоем.
Ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, хусусан, нисбат ба ҷавонон боиси ифтихор аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд ин ғамхориҳоро дарк намуда, ҳисси баланди миллӣ доранд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамоянд. Мо ҷавонон, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорем, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. Мо ҷавонон шукрона аз он дорем, ки дар як кишваре зиндагӣ дорем – ободу осуда ва ин кишвар бо Ваҳдату субот асос ёфтааст. Шароити хуби зиндагие, ки мо дорем, байни бештари мамлакатҳои ҷаҳон бо фазои оромии худ фарқкунанда аст ва ин фазои оромро мо ҷавонон намегузорем, ки касе халалдор созад ва барои ҳимояи он ҳамеша омода ҳастем.

Пулотова М. Г

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *