Қиёмиддин Ғозӣ амалҳои ҷинояткоронаи ТЭТ ҲНИ-ро тасдиқ намуд!

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” ва ТЭТ ҲНИ аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо расонаҳои алтернативие чун «Интернет», баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Ҳизби номбурда бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулони дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чӣ нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин нақшаҳои нопоки худ то имрӯз мехоҳанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Барои ТЭТ ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст орад. Амали намудани ин мақсад роҳбаронаш аз ягон роҳу восита истиҳола намекунанд ва бо роҳи тасарруфкунӣ дар ҷомеа ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезаданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо, ки дар шабакаи телевизонии “Тоҷикистон” таҳти унвони “Решаҳои ноаён” дар бораи Саид Қиёмиддин Ғозӣ намоиш пахш шуда, мо ҳама шоҳиди бевоситаи тамошои он будем.Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст,ки Қиёмиддин Ғозӣ доир ба амалҳои ҷинояткоронаи ТЭТ ҲНИ бо суханонаш тасдиқ намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки ҲНИ зимни майдоннишиниҳо барои ҷалби тарфдорони худ бар зидди Ҳукумат бархест. Дар натиҷаи ин амалҳо миллионҳо сокинони кишвар муҳоҷир шуда, ҳазорҳо одам бехонумон гардида,ҳазорҳо кӯдак ятим монданд. Ӯ ҳамчунин зимни суханрониаш Ҷумҳурии Исломии Эронро ба маблағгузории ҲНИ айбдор кард. Дар иртибот ба гуфтаҳои Ғозӣ Қиёмиддин хулосабарорӣ намуда, бояд зикр кард, ки Ҳукумати Эрон намоишкорона дифоъ шудани ҲНИ, пазируфта шудани М.Кабирӣ хамчун меҳмони воломаком дар Эрон, чонибдори шудани ӯ аз чониби мансабдорони калони эронӣ, бар хилофи он, ки ҳизби зикршуда дар Тоҷикистон ҳизби экстремистӣ ва террористӣ эълон шудааст.
Хулоса, гурӯҳҳои тундраву ифротии зери сарпарастии ҲНИ ва роҳбари нокомшудаи он М. Кабирӣ бо роҳабарони хоҷагони хориҷиашон боз мехоҳанд ба майдони сиёсӣ ворид шуда, фазои ороми ватани маҳбуби моро ба ҳар гуна роҳ ноором созанд.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд.Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ муҳим аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *