Истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  ҳатмист!

Тавре, ки қаблан итттилоъ дода будем, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 10 гуруҳҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии ҳамагири коронавирус — COVID-19 фаъолона корбарӣ намуда истодаанд.

Ин навбат гуруҳи корӣ дар бозори марказии «Панҷшанбе» ва марказҳои хизматрасониву савдои атрофии он гуруҳи корӣ ҷиҳати иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқобҳои яккарата, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва бе зарурат аз хона набаромадан корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.

Таъкид шуд, ки истифода набурдани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боиси эҳтимолан сироятёбии худ ва атрофиён мегардад. Зеро бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19 бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, гардӣ-ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёи сироятнок ва ғ.) паҳн гардида, бештар роҳҳои нафасро сироят менамояд. Аз ин рӯ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, риояи фосилаи 1,5-2 метр ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат аз хона набаромадани махсусан шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бо даст салом накардан ва худдорӣ аз бӯсобӯсӣ ва оғӯш гирифтан тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин беморӣ мебошанд. Аз ин хотир, ба ҳар як фард зарур аст, ки тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *