Истиқлолият ва дастовардҳои соҳаи маориф

     Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои зарине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллатамонро боз ҳам таҳким бахшем.

                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ – раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ҳоло тамоми мардум шукронаи Истиқлолияту Ваҳдат мекунанд ва дар ҳар гӯшаю канори қаламрави мамлакат бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудаанд. Имрӯз маҳз ба шарофати Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 150 кишвари дунё робитаҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад

Дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, садҳо мактабу иншоотҳои замонавӣ қомат афрохтанд. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Дар фосилаи 29 сол дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф пешравиҳои чашмрас ба назар расиданд. Ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста дар зери назару ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат соҳаи маорифро «омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд. Барои беҳтар шудани вазъи сифати таълиму тарбия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳим қабул карда шудаанд, ки рушди минбаъдаи ин соҳаро таъмин менамоянд. Масалан мувофиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аксарияти муассисаҳои таълимӣ бо техникаи ҳозиразамони компютерӣ муҷҷаҳҳаз гардиданд.

Ғайр аз барномаҳои соҳавӣ  Консепсияи миллии тарбия, Кнсепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санаду ҳуҷҷатҳо қабул гардиданд.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шуданд, ки мӯҳтавои онҳо ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд. Нахустин ҳуҷчати муҳими соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад, ки он 27 – уми декабри соли 1993 қабул гардидааст.  Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои замони муосир ба қонуни макзкур чаҳор маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории соҳаи маорифи кишвар мебошад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати ҷавонон», «Дар бораи илм ва прогрессии илми техникӣ» қабул гардиданд, ки нуқтаҳои асосии қонунгузориро дар соҳаи маориф муайян намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид гузоштанд. Ғайр аз он дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи касбинтихобкунӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот, Низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро дар бораи такмилу инкишоф додани соҳаи маориф қабул намуд, ки барои ҳамқадами замон намудани мӯҳтавои маълумот дар зинаҳои гуногуни таълим нақши асосиро бозиданд.

Мувофиқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 – юми июли соли 2013 мақом ва манзалати омӯзгор дар ҷамъият боз боло бардошта шуд. Вобаста ба мақоми омӯзгор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  худ махсусан зикр намуданд, ки «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯйи олам аст. Бедории фикр, покии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад».

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад. Ин буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наслҳои оянда дар хусуси таъсиси мактаб – интернат барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар накмудани имтиёзҳо барои кормандони соҳаи маориф як қатор қарорҳо ба имзо расиданд. Маҳз дар ҳамин солҳо мактабиёну донишҷӯёни аълохон ва муҳаққиқони ҷавон ба дарёфти стипендияи президентӣ мушарраф гардиданд. Бори нахуст барои олимони ҷавон Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт.

Дар давраи то соли 2015 тибқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ва Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004 – 2009, инчунин барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003 – 2007, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2014, тайёр кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005 – 2010 маблағгузорӣ барои соҳаи маориф якчанд маротиба афзудааст.

Дар соҳаи мактаби олӣ низ дар зарфи 29 сол навгонӣ ва пешравиҳои назаррас ба миён омаданд. Аз ҷумла бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол духтарон аз деҳаҳои дурдаст тариқи квота ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд. Барои ба танзим даровардани таҳсилоти олии касбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва баъди хатми мактаби олӣ» нақши муҳим бозид. Шумораи мактабҳои олӣ низ сол аз сол зиёд мешавад. Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои олӣ ба 13 адад расад, пас соли 1999 ин нишондиҳанда ба 28 адад расид Соли хониши 1991 – 1992 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, ки  ин шумора дар соли 2019 ба 38 адад расид, ки аз ин миқдор 14 донишгоҳ, 15 донишкада, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон ба омӯзиши дилхоҳ касбу ихтисос машғул шаванд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар зарфи 29 соли Истиқлолият пояҳои моддию техники мактабҳои олӣ мустаҳкам гардиданд. Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замонро омода намуда истодаанд.

 

                                                              Бурхонов С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *