Истиқлолият рамзи олии ватандорӣ аст

 

Санаи 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) тибқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 августи соли 1990) изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки он дар таърихи халқи тоҷик санаи муқаддас аст.

25 соли Истиқлолияти Тоҷикистон як давраи начандон тӯлонии таърихиест, ки ба эҳёи ҳамаҷонибаи халқу миллати тоҷик оғоз бахшид. Ноил гардидан ба истиқлолияти томи давлат аз бузургтарин дастовардҳои миллати мо маҳсуб мешавад. Зеро маҳз дар ҳамин давра миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба аслу ҷавҳари хеш пайваст ва соҳиби истиқлолу сарнавишти худ гардид.

Тантанаи соҳибихтиёрии кишвари мо баробари навиди хушбахтию саодати ояндаи халқ будан як навъ имтиҳони таърихие буд, ки мардуми шарифи мо аз сар гузаронид.

Дар солҳои нахустини истиқлолият Тоҷикистон ба марҳилаи басо душвору тақдирсоз ва аз лиҳози воқеоти сиёсӣ хеле пурборро паси сар гузошт. Оғози ин марҳила ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки навъе аз худсӯзии миллӣ аст, баробар омад.

Фалаҷшавии тадриҷии фишангҳои давлатдорӣ пас аз пошхӯрди империяи абарқудрати шӯравӣ, гусаста шудани алоқаҳои иқтисодию фарҳангӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, паст шудани сатҳи зиндагии мардум, ки аз рушди нобаробари иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ хеле баланд будани афзоиши табиии аҳолии деҳот, нисбатан паст будани маданияти сиёсию ҳуқуқии аҳолӣ ва инкишофи сусту заифи анъанаҳои демократӣ, мавҷуди нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияти собиқ мансабдорони ҳизбию давлатӣ, хоса дар интихоби кадрҳо, ҳамзамон, вусъати таъсири исломи бунёдгаро, афзоиши беинтиҳои таъсири кишварҳои хориҷӣ ва ғайраҳо дар боло рафтани ҳисси бадбинӣ ва оқибат ба хуруҷи ҷанги таҳмилии байниҳамдигарӣ сабаб гардиданд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар ин рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардид. Он аз лиҳози моҳият ва аҳамияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш буд. Агар эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷандшаҳр бо таъбири Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд».

Истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам овард, ки шоҳроҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад.

Зимни суханронии нахустин ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI иброз доштанд, ки тарафдори кишвари демократии ҳуқуқбунёд мебошанд ва Ҳукумат ба рушду такомул ва густариши арзишҳои демократӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кӯмаки худро дареғ намедорад.

Саидова Оксана Жоржевна

муаллимаи калони кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *