ИСНОД БА НОМИ МУСТАФО

Дар бораи ифротгароӣ ва терроризми динӣ аз навигариҳо бисёр мешунавем, дар бораи бедодгариҳои онҳо нисбати одамони бегуноҳ шунида дар ҳайрат мемонем, ки онҳо чӣ гуна одаманд, ки ба қадру қимати ҳаёти худ ва дигарон намерасанд, аз куҷо таълиму тарбия гирифтаанд. Магар мо бар муқобили онҳо муборизаи беамон бурда наметавонем.

Аз мутолиаи мақолаи Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо номи “Донишгоҳи бузурги терроризм ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” ба хулоса омадем, ки маркази тайёркунии ифротгароён ва террористони исломӣ ин донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия» мебошад. Тарҷумаи тоҷикии ин донишгоҳ аз арабӣ Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо мебошад. Мо ёд дорем, ки пас аз ташкил шудани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба донишҷӯёни дар хориҷи кишварамон дар равияи динӣ таҳсилкунанда муроҷиат шуда буд, ки ба кишварамон омада, таҳсили худро дар донишкадаи худамон давом диҳанд. Аксари донишҷӯёни дар кишварҳои араб таҳсилкунанда баргашта омаданд. Лекин қариб 400 нафар донишҷӯёни дар ҶИЭ буда, бо маслиҳати роҳбарони собиқ ҲНИ наомаданд ва ҳоло ҳам дар муҳоҷират кор мекунанд ё таҳсил карда истодаанд. 8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки ин донишгоҳи номбаршударо ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ мешуморад. Дар шарҳи қарор омадааст, ки ин “донишгоҳ” бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориҷии он – сипоҳи “Қудс”, ки ду сол пештар ҳамчун ташкилоти байналмилалии террористӣ эътироф шуда буд, алоқаи бевосита дошта, ҳамчун маркази тайёр кардани мубаллиғони ифротӣ ва ҷосусҳо барои идораҳои амниятии Эрон дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад.

Мутахассисони соҳаи ифротӣ ба хулоса омадаанд, ки ин донишгоҳ дар асл донишгоҳи ҳақиқӣ намебошад. Дар донишгоҳи мазкур қариб 50 ҳазор донишҷӯ таҳсил гирифта, соле то 10 ҳазор хатмкунанда мебароранд ва то имрӯз беш аз 52 ҳазор мутахассис тайёр шудааст, ки онҳо ба ҳудуди 50 миллион нафар таълим додаанд. Ин донишгоҳ дар 60 кишварҳои дунё филиалҳои худро кушодааст. Ҳоло дар ҳудуди Афғонистон 4000 нафар донишҷӯёни филиали ин донишгоҳ таҳсил гирифта истодаанд. Албатта мо медонем, ки донишгоҳ равияҳои гуногуни тайёр намудани мутахассисонро ба монанди техникӣ, муҳандисӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро дорад ва на ҳамаи мутахассисони тайёрнамудаи онҳо ба ифротгароӣ ва терроризм машғуланд. Эҳтимол асосан мутахассисони

соҳаи дини ин донишгоҳ ифротгар ва террорист шаванд. Ба ин мисол шуда метавонанд собиқ наҳзатиҳо ба монанди “исломшинос” Сайидюнуси Истаравшанӣ, ёрдамчии Муҳиддин Кабирӣ Муҳаммад Кабиров, сухангӯи ҲНИ Бобоҷон Қаюмов ва дигарон, ки агар дар бораи дин сухан равад, ба касе навбат намедиҳанд. Мардумро дар рӯҳияи инсонбадбинӣ, нигоҳи нобоварӣ ба сиёсати давлат тарбия намуда, худашонро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз парвардаҳои ҳамин донишгоҳ буданд, ки дар лагерҳои бузурги шаҳрҳои Кирмоншоҳи Эрон ва Вазиристони Покистон террористон омода шуда, шахсиятҳои номдори Тоҷикистонро куштанд. Наход ҳамаи дастпарварони соҳаи дини ин донишгоҳ ифротгару террорист бошанд. Мумкин нафарони алоҳидаи хатмкардагони ин донишгоҳ дилу нияти ифротӣ доранд. Чӣ хеле, ки набошад ҳамагӣ якчанд нафар метавонанд обрӯи донишгоҳи бонуфуз, давлат ва миллати бофарҳанги эрониро резонад.

Масъалаи ҷиддитар, ки сабаби асосии аз тарафи давлати ИМА ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шудани ин «донишгоҳ» таъйиноти махсуси ҷосусӣ ва разведкавии ин муассиса ба ҳисоб меравад. Дар қадами аввал, аз байни толибони кишварҳои гуногун дар ин муассиса ҷосусони хидматгор барои Эрон аз тарафи “Сипоҳи Қудс” ва вазорати иттилоот ҷалб мешаванд. Дар қадами баъдӣ, ин ҷосусҳо дар кишварҳои худашон шабакаи ҷосусҳои Эронро аз ҳисоби мубаллиғони маҳаллӣ ташкил менамоянд. Ин шабакаҳо на танҳо таблиғгари ақидаҳои зиддимазҳабӣ, балки барои хадамоти махсуси Эрон ҷосусӣ карда, маълумотҳои заруриро дар соҳаҳои гуногун ҷамъ меоранд. Аз ҷумла, соли гузашта дар Босния ва Герсоговина чунин як маркази ҷосусии дар намояндагии ин “донишгоҳ” барҳам зада шуд, ки маълумот дар бораи ҷузъиёти он дар расонаҳо низ паҳн гардидааст. Яке аз мудҳиштарин корҳои ин донишгоҳ, маҳз дар ҳамкорӣ бо сипоҳи “Қудс” барои ҷанги мазҳабӣ дар Сурия аз ҳисоби муҳоҷири афғон дар Эрон ташкил намудани гурӯҳи ҷангии “Лашкари Фотимиён” мебошад, ки ҳоло ба як масъалаи баҳснок байни Эрон ва Афғонистон табдил шудааст. Баъзеҳо теъдоди ин лашкариёни афғонро, ки дар Сурия аз тарафи Эрон меҷанганд, 5000 нафар мегӯянд, аммо хабарнигори ин телевизон Наҷафзода онро 25000 нафар эълон кард. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки воқеан бештари масъулони бахши идеологии Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд,  хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо мебошанд.

Бояд хотиррасон кард, ки  санаи 15 апрели соли равон собиқ роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ дар нишасти маҷозии донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони ислом баромад намуда, боз ҳамон суханҳои бардуруғи худро давом дод. Баромади мазкур дар шабакаи иҷтимоии телеграм мустақим пахш карда шуд.

Аз ин далелҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар кишвари ба мо дӯст ҶИЭ бо номи ислом бар зидди ислом, бар зидди тамоми мардуми ҷаҳон мутахассис тайёр мекунанд. Ин гуна “мутахассисон” аз даст задан ба корҳои ифротгароӣ, террористӣ, ҷосусӣ, паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ, бӯҳтон бе ягон шарму ҳаё даст мезананд. Худ, спонсорҳо ва шариконашонро бегуноҳ нишон нишон медиҳанд. Аз ҳама муҳимаш ҳамон аст, ки тайёр намудани чунин мутахассисонро давлати ҶИЭ ва спонсорҳои зиёд расман бо маблағ дастгирӣ мекунад. Ҳоло 350 нафар шаҳрвандони мо дар ин донишкада таҳсилро давом дода истодаанд. Ҳар яки онҳо бо дастгирии собиқ роҳбарони ҲНИ ба он ҷо ба таҳсил рафтаанд. Пас аз хатми донишгоҳ онҳо ба назди Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мераванд. Ба корҳои зиддидавлатӣ, инсонбадбинӣ, ифротӣ ва террористӣ даст зада, обрӯи миллати тоҷик, падару модари худро дар байни аҳли башар мерезонанд. Дар бораи тақдири ояндаи онҳо ягон нафари онҳоро дастгирикунанда фикр намекунанд.

Мо медонем, ки дар кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон зиёда аз 30 гурӯҳҳои ифротӣ амал мекунанд. Акнун маълум шуд, ки онҳо донишҳои назариявии зиддиисломиро аз куҷо мегиранд. Магар роҳбарияти кишвари Эрон аз ин гуна кирдорҳои охундҳояшон бехабаранд? Магар онҳо намедонанд, ки Исломи бузург танҳо покиву ростӣ, накӯкориву раиятпарастиро талқин мекунад.

Имрӯз бояд тамоми саъю кӯшишро бар он равона кунем, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ кунем. Ба мардум фаҳмонидан лозим аст, ки кӯр-кӯрона фарзандонашонро барои гирифтани дониши динӣ ба Эрон, кишварҳои араб, Афғонистон нафиристонанд. Донишкадаи исломии Тоҷикистон мутахассисонашонро дар асоси равияи Абӯ Ҳанифа тайёр мекунанд, ки онро мардуми зиёда аз 200 давлати дунё эътироф намудаанд ва ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ҳурмати калонсолон, риоя намудани расму оинҳои аҷдодӣ, таҳаммулпазирӣ тарбия мекунад.

Мо боварӣ дорем, ки мардуми бошарафи кишварамон неку бадро бо тезӣ мефаҳманд, ҷавононро аз шомилшавӣ ба кору кирдорҳои чунин “мутахассисони дин” нигоҳ медоранд. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин разилон бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор фарқ кунем, ба қадри некӣ ва бадӣ расем ва ба ҷавонон низ фаҳмонем,ки фирефтаи чунин қаллобон нашаванд.

 

Иброҳимов И., дотсенти кафедраи

математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *