Исломи сиёсӣ ва терроризми байналмиллалӣ муқобили ваҳдату осоиши кишвар

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро хатарҳое фаро гирифтанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мехоҳанд аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёбанд. Бо мақсади байни худ тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсии худ дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён меоваранд. Авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Сарвари давлат бо дарки низоми таҳаввулоти ҷаҳонӣ чунин андешаҳоро баён намуданд: “Муқовимат ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Бо назардошти хатарҳои зикршуда ва дар соли 2014 аз қаламрави Афғонистон хориҷ гардидани нерӯҳои байналмилалии зиддитеррористӣ роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Масъаларо бори дигар собит мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дар ин ҳамоиш ширкаткунанда дар иртибот ба таъсири хатарноки терроризм ба муносибатҳои байналхалқӣ, суботу амният ва рушди устувори кишварҳо торафт бештар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Хоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад. Дар ин хусус иқдомҳои террористӣ дар Балӣ, Филиппин, соҳилҳои Яман ва манотиқи мухталифи дигар гувоҳӣ медиҳанд.Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30–сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ шуд?

Заминан, барои гирифтани пеши роҳи исломситези моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгаройи ва ҳамдигарфаҳмиро миёни чомеа ва тамаддунхо тавсеа бахшем, ки ин дар навбати худ, имкониятхои моро дар муқовимат бар зиддихатару таҳдидҳои муосир бештар месозад. Дар ин робита, ман борҳо таъкид шудааст, ки террористу ифротгарои ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Террорист – террорист аст ва ҳеҷ гоҳ «ҳудуди» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгарову»  «тундгаро» буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгаройи ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавкеъ ва меъёрҳои ягонаву умуми таҳия ва қабул карда шаванд.

Мо бояд аз ин воқиф бошем ва ба фитнаҷӯиву таҳрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем. Зеро сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд”.

Ба андешаву хулосабарории ҳар шахси бедордилу соҳибмаърифат хуб дармеёбад, ки муборизаи самарбахш алайҳи терроризму ифротгаройи ва тундгаронии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати меъёрҳои дугонаро намепазирад.Баръакс чунин мавқеъгири боиси тавсеаи ҷугрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯишаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгаройи на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодхои ҷинояти ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳаби, нажодӣ ва ҳатто бархурди тамаддунҳоро барангехтанд.

Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯйистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Сарқонуни давлат, Кодекси ҷиноӣ, қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд

Аз ин рӯ, ба ҳастии ин зуҳуроти номатлуб завол мебояд. То одамият оромӣ ёбад, ба қатлу хунрезӣ, вайрониву таҳрибкорӣ нуқта гузошта шавад.

Ҷомеаро ақлу шуур, андешаи созандаи инсоният қодир аст, ки тағйир диҳад. Маҳз ҳамин қувва метавонад мавҷуди хатрнокро нобуд ва вуҷуди манфиатбахшро пайдо кунад.

Оре, андешаи созандаи инсонҳо қодир аст мавҷудияти терроризм ва ифротгаройиро маҳв ва руйи ному нишонаш муҳри нестӣ занад.

Ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрӯз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.

 

Маҳкамова Фирӯза,

 ассистенти кафедраи

менеҷменти ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *