Ислом ва терроризм ба ҳам бегонаанд

 

Экстремизм ва терроризм хатари бузургест, ки метавонад ҳар гуна, ҳатто ҷомеаи устувор ва шукуфонро халалдор созад. Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷамъият пешгирии он мебошад. Ноустувории иҷтимоиву моддии ҷавонон, максимализм дар арзёбӣ ва баҳогузорӣ, номукаммалии равонӣ, вобастагии назаррас аз андешаҳои одамони дигар, баъзе аз сабабҳое мебошанд, ки дар бораи имконоти паҳншавии ғояҳои радикалӣ дар байни ҷавононро нишон медихад. Роҳбарони гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ ҷавононро ба иттиҳодияҳои худ ҷалб мекунанд ва ба онҳо ваъда медиҳанд, ки ҳалли ҳамаи мушкилот, аз ҷумла мушкилоти модди онхоро хал менамоянд. Зеҳни ҷавонони баркамол аксар вақт ҳатто фикр намекунанд, ки дар фаъолияти чунин ташаккулҳо иштирок намуда, на танҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал намекунанд, балки дар асл ояндаи худро вайрон мекунанд. Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон татбиқи чорабиниҳои маҷмӯиро оид ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар муҳити ҷавононро дар бар мегирад, ки ба васеъ шудани ҷузъи ҳуқуқии таълиму тарбия мусоидат мекунад. Донистани ҳуқуқу озодиҳои худ ба насли наврас кӯмак мекунад, ки дар худ эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро, аз ҷумла ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафро инкишоф диҳанд.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расмии ҷиноягкорон дар кадом шакле ки набошад, бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеӣ гардонида мешуданд.

Зӯригарии канора ки бо мафҳуми «террор» ифода карда мешавад, дар замони нав дар таърихи сиёсии Франсия бештар рух додааст. Ҷонибдорони ислоҳот тавассути террор ҳимояи манфиатҳо ва озодиҳои шахсро воситаи самараноки муборизаи сиёсӣ медонистанд. Аммо баъдтар дар зери мафҳуми мазкур амалҳои манфӣ дониста мешуд ва террорро ҳамчун ҷиноят бар зидди ҳукумат муаррифӣ менамуданд. Яъне аз охири асри 18 cap карда, мафҳуми «террор» дар маънои манфӣ истифода мегардад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пайеми охирони худ кайд намудан, ки «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати мебошад.

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Инчунин зарур аст, ки доимо дар байни ҷавонон ҷаҳонбинии таҳаммулпазирӣ, муносибати ҳамаҷониба ба ҳама одамон, сарфи назар аз миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ, моликият ва дигар ҳолатҳо, инкишоф дода шавад.

Кафедраи «Иктисодиёти чахон»

Ассистент Пулотова М. Г.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *