Мутаассифона, солҳои охир муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи начандон хуб қарор доранд.
Имрӯзҳо, ҷониби Қирғизистон дар назди сарҳади Тоҷикистон қувваҳои ҷангиашро пурзӯр намуда истодааст, ки ин амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро мо шадидан маҳкум менамоем. Ин амали навбатии кирғизҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамсоядорӣ бегона мебошанд. Бо итминони комил метавон қайд кард, ки дар саргаҳи ин амалҳои ноҷавонмардона Сарварони сиёсӣ ва ҳарбии онҳо меистанд, ки мардум онҳоро хуб медонанд. Бинобар ин, ба забон гирифтани ному насаб ва вазифаҳои онҳо зарурият надорад. Аммо бояд қайд кард, ки ин бадхоҳон мехоҳанд бо усули зӯриву таҳдид масъалаҳои марзиро ҳал намоянд. Мо борҳо шоҳиди он шудем, ки ин афрод чандин маротиба ба ҷониби сарҳадбонону сокинони назди марзӣ ҳуҷуми мусалллаҳонаро ташкил намудаанд. масалан, ҳаводиси охири моҳи сентябри соли ҷорӣ боз муноқишаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон ба хунрезиву қасди ҷони ҳамдигар оварда расонид, ки албатта ин оқибати хуб надорад.
Имрӯзҳо раҳбарияту бархе мардуми роҳгумзадаи Қирғизистон тавассути расонаҳои гуногун, алалхусус тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғ паҳн карда, тамоми айбро ба тарафи кишвари мо мегузаронанд. Вале, ҳақиқати ҳол дигар аст!
Қисми ҳудуди ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон айни замон ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил ёфтааст. Вазъияти ба амаломада хеле нигаронкунанда буда, метавонад муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро боз ҳам шиддатнок намояд. Албатта, барои ҳалли проблемаи ба миёномада тамоми чораҳои зарурӣ аз ҷониби Тоҷикистон андешида шуда истодааст, аммо, мутаассифона, бинобар пеша кардани сиёсати ҷангҷӯёна аз ҷониби Қирғизистон масъалаи аломатгузории минтақаҳои баҳснок ҳалли худро наёфтааст.
Мо ҷонибдори бо роҳи гуфтушунид ва бодарназардошти манфиатҳои милливу давлатиамон ҳал намудани проблемаи сарҳадӣ бо Қирғизистон ҳастем. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои созандааш борҳо исбот кардааст, ки ҷонибдори густариши низоъ бо давлатҳои ҳамсоя набуда, баръакс доимо даъват ба амал меорад, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои умумиминтақавӣ ва муборизаи дастаҷамъона алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир саъю кӯшиш намоянд.
Имрӯз, хушбахтона, Тоҷикистон қодир аст, ки манфиатҳои худро вобаста ба масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, амнияти шаҳрвандон ҳимоя кунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як кишваре, ки таҳдид ба якпорчагии ҳудуди мамлакати мо мекунад, ба муқобилияти шадиди ҳар як сокини бонангу номуси ин сарзамини куҳанбунёд ва аҷдодиамон дучор мешавад. Қирғизистон низ бояд манфиатҳои моро эҳтиром кунад ва барои ҳалли масъала роҳи гуфтушунидро пеш гирад, на ин ки қувваи артиши худро намоиш диҳад. Тоҷикистон ҳам артиш дорад, ки омода аст амнияту якпорчагии мамлакатро ҳифз кунад!
Д. ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ