ҚИРҒИЗҲО ФАРҲАНГИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА ҲАМСОЯДОРӢ НАДОРАНД!

            Изҳороти Сарраёсати Қувваҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 19 октябри соли 2022 моро сахт ба ташвиш овард. Бешубҳо, мо амалҳои ноҷавонмардонаи ҷониби қирғизро оид ба пурзӯр намудани қувваҳои ҷангиашон дар назди сарҳад маҳкум менамоем. Амали онҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамсоядорӣ бегона мебошанд. Наход онҳо аз ҳикмати “Ҳамсояат тинҷ бошад, хонаи ту низ орому осуда хоҳад буд” бехабар бошанд. Амалҳое аз ҷониби қирғизҳо, ки дар Изҳороти Сарраёсати Қувваҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оварда шудаанд боиси нигаронӣ буда, оқибати он боиси ҳодисаҳои даҳшатбор гаштанаш мумкин аст.

           Мо итминони комил дорем, ки дар саргаҳи ин амалҳои ноҷавонмардона Сарварони сиёсӣ ва ҳарбии  онҳо (мо аз ба забон гирифтани ному насаб ва вазифаҳои онҳо худдорӣ менамоем) меистанд. Вале амиқан гуфта метавонем, ки онҳо сиёсатмадорони дурандешу дурбин нестанд. Онҳо мехоҳанд бо усули зӯриву таҳдид масъалаҳои марзиро ҳал намоянд. Ин ҷои тааҷҷуб ҳам нест, зеро аъмоли гузаштаи онҳо ба мо маълум аст. Яке сардори гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бошад, дигаре дузду авбош, дигар ҳаммаслаконашон  ҳамтабақони онҳо мебошанд.  Чунин ашхос аз санъати идоракунии давлат, таҳаммулпазирӣ, ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дур мебошанд.

   Тақдири миллати қирғиз талх будааст. Дар 30 соли истиқлолияти хеш ягон сиёсатмадори шоиста ба сари қудрат наомад. Дар натиҷа дар ҷомеаи қирғиз маҳалгароию қавмгароӣ ба арши аъло расида, миллати қирғизро дар ҷаҳон шармандаю шармсор гардонид. Ба ном нухбагони  сиёсии имрӯзаи Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳи ҷинояткоронро мемонад, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул боигарӣ ва марзу буми моро ғасб намоянд. Мо ба онҳо гӯшрас менамоем, миллати мо, бо Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон худро шинохтаем ва намегузорем, ки ҳар як нохалаф ба сӯи мо ба чашми бад нигарад. Агар лозим шавад, мо ҳамагон ба по мехезем ва марзу буми худро дифоъ менамоем.

                   Р. СОЛИҶОНОВ,

 профессори кафедраи

ҷомеашиносии ДИС ДДТТ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *