ҚИРҒИЗҲАМСОЯҲО: ИНСОФ ВА БАШАРДӮСТИРО ПЕША НАМОЯНД !

Таърих гувоҳӣ аст, ки ҳам халқи тоҷик ва ҳам халқи қирғиз ба мақому маънои зарбулмасали “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст” то солҳои наздик бисёр хуб сарфаҳм рафта буданд.
Алалхусус халқи қирғиз ҳиссаи халқи тоҷикро дар таълиму тарбияи ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоии насли пешинаашон бояд бо эҳтироми хос ёдоварӣ намоянд. Ва дар ин асос ҳурмату иззати ҳамсоягиро риоя намоянд. Ғайр аз ин аз роҳу оби худододе, ки чӣ аз марзи ҳамсоя ва чӣ аз марзи худ тай намуда, нӯшида, ба якдигар шукрона намуда, бо дуои хайрхоҳонаи дӯст ба манзилу макон расидан савоби бепоёнро худованд ҷудо менамояд.
Вобаста ба ин ҳолати зидди ин хайрхоҳии Худованд баромадан ин изҳори ношукриест, ки халқи қирғизи ҳаммарзу ҳамсоя солҳои охир зоҳир намуда истодааст. Ин амали зиддиқонуни башардӯстиест, ки мутаассифона, ҳамсояи қирғизамон тӯли солњои охир пеша кардаанд ва ин хусусияти ҷанги сарди хунукнатиҷа дорад. Ва ин на танҳо зидди тоҷикон, балки зидди худи халқи қирғиз ба шумор меравад.
Амалҳои зиддибашарии солҳои охир эҷодкардаи халқи ҳамсояқирғиз ниҳоят ҳайратовар ва мудҳиш аст, ба њамагон маълум аст.Аз ҷумла: бастани роҳи обёрӣ, ба гаравгирии ҷони инсонӣ, њуҷумҳои муштии характери роҳзанӣ ва сӯиқасдӣ дошта; бадномкунӣ ва бадгӯӣ нисбати фаъолияту шуғлу амалиёти ҳамсоя ва мақсади ғасбкунӣ ва азонихудкунӣ доштани марзу ҷиҳозҳои ҳамсояи тоҷик.
Дар фарљоми андешаи хеш ба хулоса омада ќайд менамоем,ки бояд халқи қирғизи ҳамсоя ақлу хиради башардӯстонаи хешро пеша карда, ба хотир орад ва шукр кунад, ки таърих гувоҳномаи соҳиби марзи зиёди тоҷикманзил будани ӯст. Ғайр аз ин чӣ ҳоҷати пешагирии ҷанги сарди ҳамсояи қирғиз аст, ки ҳам марзи ҳамсоя ва ҳам марзи худро, ки аслан мероси тоҷик барои ӯст, гирифтори оташи сӯзону даргириҳои ҷониву молии ҳам ҳамсоя ва ҳам худи ӯ гардад.
Хабарҳои охирини воситаҳои ахбори омма ба ҷанги хонумонсӯзи ҳарду халқ, ҳам қирғиз ва ҳам тоҷик табдил ёфтани ин ҷанги сарди оғознамудаи қирғизҳамсояро пешгӯӣ намуда истодааст. Бинобар ин қирғизҳамсояҳо: инсоф ва башардӯстиро пеша намудан ин амали сариваќтї аст, ки ањли љомеаи имрўза онро интизоранд!

F.АБДУЛЛОЕВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *