ИНТЕРНЕТ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ИФРОТШАВИИ ҶАВОНОН АСТ!

Мусаллам аст, ки Интернет ҳамчун воситаи муттаҳидкунандаи фарҳангҳо, воситаи робитаи байнаи миллатҳои гуногун, ҳамчун воситаи ивази таҷрибаи кори, илмӣ ва маърифати сохта шудааст. Дар ҷаҳони муосир мубориза байни марказҳои гуногун, ки асосан хусусияти иттилоотӣ доранд, маҳз тавассути Интернет бештару бештар амалӣ мешаванд. Интернет дастрасии осону соддаро ба шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намуда, дар он сензура ва назорат аз болои истифодабарандагон вуҷуд надорад ва аксарият рӯзномаю маҷалаҳо ва шабакаҳои итилоотӣ Интернетро ҳамчун манбаи муҳими гирифтан ва паҳн кардани итилоот истифода менамоянд. Тараққиёти техникаву технологияи нав рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасад, аммо бештари мардум онро на баҳри сайқал додани ҷаҳонбинию донишашон, балки барои танқид кардани ҳамдигару суханҳои беасосро дар байни ҷомеа паҳн кардан бештар Интернетро истифода мебаранд. Баробар бо ин ба таҷовузгарон роҳу василаҳои нави озору азияти занонро фароҳам кардааст.Таҳдиди бадномӣ ё “шантаж” ва табъиз аз мушкилотест, ки занону духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман дар интернет солҳои ахир пайваста ба он дучор мешаванд. Мақсади киберқаллобон якчанд чиз буда метавонад. Бисёри вақт ҳадаф пул кор кардан аст, баъзан мақсад худнамоишӣ аст.Мақсади дигари онҳо фурухтани маълумотҳо мебошад. Хулоса, Интернетро минбари озод мегӯянд, ки дар ҳақиқат озод аст, вале, мардум, ин озодиро ба таври дигар истифода мебаранд. Дастрасии осону содда ба ҷавонон, номаълум ва беимзо амал кардан, танзими сусти ин раванд дар сатҳи вазорату кумитаҳо, паҳншавии глобалӣ, суръати баланди паҳн шудани иттиллоот, соддаву осон будани истифодабарӣ сабаби асоси рӯй овардани гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба Интернет мебошад. Чунки Интернет ба як фазои бетанзим табдил ёфтааст, ки онро гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба хотири паҳн кардани ақидаву идеологияи худ истифода менамоянд. Аксари гурӯҳҳои террористӣ васоити ахбори шахсӣ, саҳифаҳои интернетиро дар ихтиёр доранд. Ин имконият фароҳам меорад, ки гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ақидаву идеологияи худро дар тамоми, ҷаҳон тарғиб намуда, пайравони нав пайдо намоянд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд.

Созмону гурӯҳҳои ифротию террористӣ сайт ва вебпорталҳои амалкунанда доранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ шаклу номи худро тағйир дода, кўшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд ва хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Маҳкамнамои чунин ВАО шахсӣ ё саҳифаҳои интернетӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд, чунки гурӯҳҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боз саҳифаҳои алтернативӣ мекушоянд. Хуллас, бо мурури замон муносибат ба шабакаҳои Интернет таъғйир ёфта, яке аз манбаи паҳншавии фаҳшу таҷовуз, ақидаҳои ифротию террористӣ мубаддал гаштааст. Дар робита ба ин, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад… тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад». Воқеан, ин нуктаи назари Пешвои муаззами миллат асоси воқеъӣ дорад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки фазои иттилоот ва истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбӣ дорад.
Ҷиҳати мусбиаш дар он аст, ки инсоният ҳар лаҳза метавонад аз навидҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода барад, маълумот пайдо кунад, китоб хонад, тарбия гирад, аз ахлоқи ҳамида бархурдор воқиф гардад, асли хешро донад ва дар фазои шадиди ҷаҳони сиёсӣ мавқеи худро муайян кунад. Аз асолати миллии хеш ҳифз кунад, маънавиёти худро ғанӣ гардонад, муаррифгари фарҳанги миллии хеш дар арсаи ҷаҳон гардад.
Ҷиҳати манфӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар натиҷаи истифодаи нодурусти технологияи иттилоотӣ метавонад ба фазои номатлуб ворид гардида, аз фазои озоди омӯзишу созандагӣ берун равад.
Марҳилаи нави инкишофи ҷамъият, ки ба инқилоби илмию техникӣ ва коммуникатсионӣ такя менамояд, истифодаи нодурусти он инсонро ба манбаи ангезаҳои нодуруст мувоҷеҳ сохта, нобаробариҳои иҷтимоӣ, бекорӣ ва бегонашавиро афзоиш дода, ба маданият ва ҳуввияти миллӣ зарба мезанад ва боиси низоъ ва бархурдҳои фарҳангӣ мегардад.
Имруз фазои бозории иттилоот дар ҳолати шадиди ҷаҳонишавӣ қарор гирифта, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавононро бештар ба ин гирдоб медарорад, ки оқибат ғарқи нофаҳмиҳои сиёсӣ ва туъмаи ҳаракатҳои номатлуби ҷомеаи башарӣ мегарданд. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд ва оқибат роҳгумзадагон даст ба амалҳои террористи мезананд. Вобаста ба ин ҳолат ба хотири пешгирию мубориза бо экстремизм ва терроризм Шӯрои бехатарии СММ соли 2008 қатъномаро оид ба истифода накардани шабакаи Интернет барои тарғиби паҳншавии идеология терроризм қабул кардааст, ки Тоҷикистон ҳам тарафдори ҳамин қатънома мебошад. Бояд қайд кард, ки мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими муборизаи интернетӣ бо терроризм, муқовимат ба намудҳои гуногуни фаъолиятҳои ифротгароӣ василаҳои худро пайваста такмил медиҳанд. Чунончи тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт. Маркази мазкур, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд. Инчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2017 “Консепсияи амнияти киберӣ” ва Ҷумҳурии Қирғизистон “Стратегияи амнияти шабакавӣ барои солҳои 2019-2023”-ро таҳия ва тасдиқ шуда, мавриди амал қарор дорад.
Умуман, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардидаанд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи СММ ва СҲШ қабул гардидаанд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дода, байни давлатҳои ИДМ, СААД, СҲШ дар ҷабҳаи аввали мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад. Таъсиси сохтори зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2004 ба Тоҷикистон имконият дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват намояд.
Дар фарҷоми андешаи хеш вобаста ба масъалаи мазкур хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди ифротгароии иттилоотӣ талаботи замон аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Танҳо бо гузаронидани тадбирҳои муштараки комплексӣ мо дар якҷогӣ метавонем, амнияти иттилоотии Тоҷикистонро аз хатарҳои дохилӣ ва берунӣ эмин нигоҳ дошта, зиндагии ором ва осоиштаи мардум, суботи комили сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин созем. Ин яке аз вазифаҳои муқаддас ва ҷонии ҳар яки мост.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *