Бо ташаббуси устодони Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии Севастополи Донишгоҳи федералии Қрим, ташкилоти минтақавии ҷамъиятии “Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоторҳо ва бошкирдҳои Қазон” дуюмин интернет форуми байналмиллалии илмӣ-амалӣ “Молиёти исломӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гашт. Дар форуми мазкур мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии Севастополи Донишгоҳи федералии Қрим профессор, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Рябтсева Е., доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва иқтисодии Мактаби олии ҳарбии баҳрии ордени Ситораи Сурх ба номи П.С. Нахимов Рябтсев А.Л., доктори илмҳои иқтисод, профессор, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Чеченистон Газиханов Р.А., номзади имлҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи менеҷменти Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии Севастополи Донишгоҳи федералии Қрим Тсибулская Л.А., муовини раиси Кумитаи лоиҳавии техникии № 704 “Маҳсулот ва хидматҳои ҳалол” Низомов М.Р., директори Маркази илмӣ-тадқиқотии ғизои ҳалол Галеев А.С., мутахассиси Маркази иқтисодиёти исломӣ ва молиёти Донишкадаи исломии Русия Хайретдинова К. бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад карданд. Дар форуми мазкур муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисод Мирпочоев Д.А. оид ба мавзӯи “Низоми исломии молиявӣ: муаммоҳо ва дурнамо” баромад карда, сипас кори форумро чун модератор пешбарӣ намуд.
Санаҳои 15 ва 16 сентябри соли равон интернет-конференсияи илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони “Дурнамо, муаммоҳо ва вазифаҳои молиёти исломӣ дар шаҳри Севастополи Федератсияи Русия” баргузор гашт. Тибқи барномаи конференсияи мазкур устодони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон н.и.и. Раҳматова З.И. ва н.и.и. Қоситова У.О. доир ба мавзӯъҳои “Нақш ва зарурияти бонкдории исломӣ дар низоми бонкдории Тоҷикистон” ва “Хусусиятҳои хоси фаъолияти низоми бонкдории исломӣ” баромад карданд.
Дар хотимаи конференсия муқаррароти конференсия коркард карда шуд, ки тибқи он Раёсати илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ бо ҳамбастагӣ бо Раёсати Донишкадаи иқтисодӣ-гуманитарии Севастополи Донишгоҳи федералии Қрим тасмим гирифтанд дар ташаккул ва рушди афкори иқтисодии молиёти исломӣ саҳми назарраси худро расонанд.