ИНСОН БОЯД ДАР ҲАЁТ РОҲИ НЕКРО ИНТИХОБ КУНАД

 

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ниҳоят роҳбару ҳаммаслакони  ТТЭ ҲНИ ва ҷиноятҳои содиркардаашон фош шудаву фирорӣ шуда, имрӯз дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон паноҳ ёфтаанд. Асосан, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин фаъолияти тахрибии худро, ин навбат  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда, бо ин васила, дар барномаҳои ифротиашон нисбат ба давлату миллат  ва қазияҳои рухдода барномаҳои беасосу бемантиқ баргузор менамоянд

Ба раҳбарияту пайравони  ТТЭ ҲНИ таъкидан, такроран бори дигар ёдовар менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талқин мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин, масъулияти ҳифзи арзишу гиромӣ доштани дастовардҳои онро низ дорад. Таассуфовар аст, ё ин ки нест, ки ному симои Кабирию Муҳаммадиқбол ҳамчун хиёнаткори халқу ватан ва бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар  филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, “Хиёнат” ва “Шикасти фитна” чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва яке аз кишварҳои ғарб роҳандозӣ шуда буд, ба нишондодҳои раднопазир ва далелу арқоми мустанад ошкор гардидааст.

 

Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, аз он ҷумла ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи Истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

 

                                                     К.КАЛОНОВ ,

сармутахассис оид ба 

сомонаи ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *