ҶИНОЯТКОРОНИ ПАНОҲҶӮ

 

Дар санаи якуми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилони мардумии кишварамон баргузор гардид, ки сокинони кишвари азизамон бо эҳсоси хурсандӣ ва табъи болида сарҷамъона дар маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи мо шукронаи тинҷиву озодӣ намуда, ба оянда бо назари нек нигоҳ мекунанд. Дар маъракаҳои сиёсӣ бетараф наистода, фаъолона ширкат меварзанд.

Лекин душманони миллат инро чашми дидан надоранд, муваффақияти кишварамонро нодуруст нишон медиҳанд, бӯҳтонҳо мебофанд. Масалан Ҳизбулло Шовализода баҳори соли 2019 ба Австрия омада, дархости паноҳандагӣ кард, то ки ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ (депортатсия) накунанд. Зеро, ки гӯё дар ватан ӯро шиканҷа медиҳанд. Вале мақомоти Австрия ин дархости ӯро рад намудаанд. Ҳизбулло Шовализода ва ҳаммаслаконаш  худро тарафдори аҳзобу гуруҳҳои мамнӯи «Гуруҳи 24», ҲНИ ва ё “Паймони миллӣ” меномад. Ё мисоли дигар ба амсоли ӯ моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Полша узви «Гуруҳи 24» Мустафо Ҳаётовро низ ихроҷ карданд. Дар иртибот ба ин мисолҳо хонадагони ин мақола хулосабарорӣ карда, худ қазоват кунед. Нафаре, ки гуноҳ надорад, барои чӣ дар дар муҳоҷират аз кишвари бегона паноҳ меҷӯяд? Ин гуна афрод дар назди халқу ватани худ гунаҳкор аст ва гуноҳи худро нағз медонад. Онҳо медонанд, ки дар ватан бояд дар назди халқ, дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Дар назди мақомоти кишварҳои хориҷӣ худро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд мекунанд. Магар шаҳрванди оддии мо ба чунин кишварҳои дур сафар карда, боз паноҳ ҷуста метавонанд? Албатта ин гуна ашхосон пуштибон аз хоҷагони хориҷӣ ва маслиҳатчии худро аз ташкилотҳои кишварҳои абарқудрат доранд.

Мо медонем, ки баъзе шахсон ба ваъдаҳои бардурӯғи наҳзатиён бовар карда, ба ҳизби онҳо аъзо шуда буданд. Онҳо бо ихтиёри худ аз аъзогии ин ҳизб даст кашида, дар назди халқ ва қонун бегуноҳ будани худро нишон доданд. Баъзеашон чун М.Кабирӣ бо далелҳои амиқ чун ташкилоти террористӣ ва эктремистӣ эълон шудани ҲНИ тарсида ба кишварҳои ҳамсоя гурехта рафта буданд. Пас аз эълон шудани авфи баъзе аъзоёни ба кирдорҳои вазнин даст надошта, ба ватан баргаштанд. Мувофиқи хабари расонаҳо чунин роҳгумзадаҳо садҳо нафарро ташкил медиҳанд.

Бо баробари ин бо далелҳои амиқ қайд кардан зарур аст,ки ҲНИ як шохаи «Ихвон-ул -муслимин» аст. Тибқи  принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин», ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла: ваҳҳобия, ал-қоида, салафия ва ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ, ки ташкили хилофати исломии фаромиллӣ ва умумиҷаҳонӣ аст. Аз усулҳои хоси худ, махсусан аз усули «қадам ба қадам» истифода мебаранд. Принсипҳои асосии усули «қадам ба қадам» инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд; тарғиби илмҳои теологӣ, аз ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо; ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ; демогогияи(авомфиребии)  ихвон-ул-муслимин; исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло»; қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида мардуми шарафманди  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати решакан намудани гурӯҳҳои ифротӣ камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён ба монанди Ҳизбулло Шовализода, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Мухидин Кабирӣ ва дигар хоинону ватанфурӯшони миллату давлат ва сарзамани тоҷикон сухани худро баланд намуда нагузоранд, ки ягон нохалаф бар муқобили давлату миллати мо санги маломат бизанад.

                                        Ибрагимов Исроил Икромович

 муаллими калони кафедраи математекаи олӣ

 ва технологияҳои инноватсионӣ ДИС ДДТТ     

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *