Санаи 28 маи соли равон аз тарафи Муҳаммади Одинабек як мақола ё гўё фикри тоза вуруди расонаҳои интернетӣ ба ном «Интиқом шурўъ шуд? Ё асли воқеият….» шуд. Дар ин мақолаи худ М.Одинабек «таҳқиқе» оиди мухоҷирони тоҷик ва таърихи ҷанги шаҳрвандӣ кардааст. Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод. Бинобар ин, зарур донистем, ки баъзе мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин «анҷуман» ва муассисони он ироа намоем. Аввал мехоҳем ,ки ба ёди ин «муҳақиқ оварем, ки ҷангро на Ҳукумати ҳозира ,балки худи он ватанфурушон, ки дар зери парчами ХНИ истодаанд оғоз кардаанд. Дуввум,бо дарки он, ки барои нобуд кардани як миллат аввал фарзандони бонангу номуси онро бояд нест кард, амал карда, солҳои наввдум бо қатли беҳтарин сарсупурдаҳои миллат, ба монанди олимон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исхоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадорон Карим Юлдошев, Нурулло Ҳувайдуллоев, журналисти маъруф Отахон Латифӣ, нависанда Сайф Раҳимзод ва ғайра даст заданд. Саввумин, агар ибораҳои воҳиманоки ғайраро, ки расонаҳои бегона дар муаррифии муассисони ин «анҷуман» истифода кардаанд, бо рӯйхати муассисон муқоиса кунем, мебинем, ки дар байни онҳо ягон шахсияти шинохта ё фарҳангии тоҷик вуҷуд надорад. Магар касе дар Тоҷикистон «шахсияти сиёсӣ» ё «фарди шинохта»-еро бо номи Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Аюб Эгамов ё Ҳаким Рабимпур мешиносад? Чи тавр чанд шахси гумном, ки се нафари онҳо ҳатто модарзод тоҷик набуда, забони тоҷикиро низ намедонанд, худро бешармона «озодандешони тоҷик» номидаанд?
Аз кай боз намояндагони халқи бародар Темур Қиличовичу Равшан Темурович миллаташонро иваз карда, тоҷик шудаанд? Магар котиби матбуотии Маҳмуд Худойбердиевро, ки солҳо аз фаъолияти зиддитоҷикии ӯ репортаж таҳия мекард, «озодандеши тоҷик» номидан мумкин аст? Ё магар Аюб Эгамовро, ки як қаллоби техникӣ буда, дар Россия шахсан барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта мефурӯшад, «шахсияти сиёсию фарҳангии тоҷик» номидан маъно дорад? Албатта, дар ин рӯйхат номи ду «чеҳраи интернетӣ», яъне Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Муҳаммади Одинабек низ дида мешавад, ки онҳо на бо фарҳангу озодандешӣ, балки маҳз ба фитнагарию муздурию хиёнаташон дар фазои маҷозии тоҷикизабон «шӯҳрат» ёфтаанд. То имрӯз зери мафҳуми озодандешону фарҳангиёни тоҷик мо шахсиятҳое чун Мӯъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулрухсор,
Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Раҳими Мусулмониён ва ғайраро мешинохтем. Наход муассисони ин анҷуман то дараҷае ақлашонро хӯрда, худашонро бо чунин чеҳраҳои фикрию фарҳангии тоҷик баробар дониста бошанд? Наход акнун кори миллат то ҷое расида бошад, ки як мушт хоину авбош ва афроди бегона аз ҷавҳару арзишҳои тоҷикӣ худро «озодандешони тоҷик» ва «афроди шинохтаи фарҳангии тоҷик» муаррифӣ кунанд? Бешубҳа, ин таҳқири ошкоро ба миллати бузургест, ки ҳазорон фарзанди фарҳангсолору сиёсатмадор дорад.
Ин муздурон аллакай ҳуқуқи маънавӣ ва асоси ҳуқуқии сухан гуфтан дар бораи Тоҷикистонро аз даст додаанд. Чун онҳо дар асл як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиянд. Пас, чи гуна ватанфурӯшону муздурон дар бораи ватан, оиди Созишномаи сулҳ ва «воқеияти Тоҷикистони навин» хабар медиҳанд?. Ин ватанфурӯшон на танҳо давлату миллат, балки мазҳаби аҷдодии тоҷиконро низ кайҳо фурӯхта мазҳаби охундҳои шиаро қабул кардаанд. Чӣ тавр метавон тасаввур кард, ки як охундҳои мутаассиби бо тамоми вуҷудаш душмани демократия ва дунявият, эълом намояд, ки мақсадашон «ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ» ва «ҳифзи дунявият» дар Тоҷикистон мебошад?
Пас, чи гуна шахси ғулом ё инсоне, ки андеша ва зиндагияш пурра ба иродаи хоҷагонаш вобаста аст, метавонад дар бораи масъалаҳои мухоҷирон, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон сулҳ ва демократия сухан кунанд? Ин пародия ба озодандешӣ ва ё таҳқири мафҳуми «озодандешӣ» аст.
Тоҳирова М.,
н.и.ф.муаллимаи калони
кафедраи забонҳои тоҷикӣ
ва русӣ ДИС ДДТТ