
Моҳҳои охири соли равон, аз ҷониби Ҳусейн Ашуров, яке аз аъзои фаъоли харакати сиёсӣ бо номи “Гуруҳи -24”, ки фаъалияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст, дар кишвари Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ дораду аз имконияту афзалиятњои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, тавассути барномаи “Ҳақ ва Ботил” зимни иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамоянд. Ин барнома, воқеан ифротӣ буда аз оғози фаъолияташ то имрӯз бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардурӯғ мехоҳад вазъи кишвари моро ноором кунад. Масалан, санаи 4 октябри соли равон дар барномаи ифротии зикршуда Ҳ.Ашуров ва пайравонаш, аз ҷумла Исмоил Холов ва афрод ба лақабҳои Юсуф -24 ва Нурик вобаста ба баргузории нишасти навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки соли ҷорӣ дар Варшава баргузор мешавад, андешаи носолими худро беасос баён сохтанд. Ин тудаи гумроҳшуда зимни баромадашон чун наҳзатиҳо танҳо суханони беасос, бедалел,туҳматангезу иғвогарона ва ҷузъ ҳарфи хусуматдори нисбати раҳбарияти сатҳи гуногун инъикос ёфтааст ва дар он аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад. Таҳлилҳо собит менамояд, ки чунин тудаи афрод ба монанди наҳзатиҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Мо қаблан зимни андешаи хеш изҳор карда будем боз такроран ёдовар мешавем,ки мақсади навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд мувофиқ aст. Бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум намоем.
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз