ИНҚИЛОБИ РАНГАИ ЗАМОНИ МУОСИР

Вазъ ва раванди ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро натиҷагирӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки воқеан пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як қатор кишварҳои абарқудрати Аврупо бо роҳбарии давлати ба ҳамагон маълум мехоҳанд, бо ҳар роҳ давлатҳои нави аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадаро зери назорати худ гиранд. Дар кишварҳои сиёсаташон номаъқул бо ҳар гуна воситаҳо таъсир расонда, ба роҳи худ дароранд. Агар он натиҷа надиҳад, он гоҳ бо роҳи дигар, яъне бо номи ба ҳамагон маъмул -«Инқилоби ранга» мақсади ғаразнокашонро амалӣ мегардонанд. Дар давоми беш аз 29 соли сипаришуда бо кӯшиши давлатҳои абарқудрат ва ҳаммаслакони аврупоӣ дар як қатор кишварҳоро, аз ҷумла, дар Гурҷистон ба «инқилоби ранга» роҳанамоӣ карданд. Онҳо даъво мекунанд, ки ин инқилоб гӯё раъйи сокинони кишварашон буда, ба сиёсати онҳо аз берун ягон дахолат нашудааст. Ин дурӯғи маҳз аст. Ҳар яки ин инқилобҳо пешакӣ бо пухтагӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрокунандагонашон муайян карда шудааст. Маълумоти дақиқро дар бораи сохторҳои давлатӣ, ҷойҳои нозуки (уязвимый) он аз тарафи хоинони ватан ва ҷосусон гирифта, тайёрии ҳаматарафа мебинанд. Натиҷаи чунин инқилобҳои ранга ба ягон беҳбудӣ намеорад..

Солҳои охир , дар Украина низ инқилоби зикршуда амалӣ гардида, дар натиҷа бесарусомонҳо ба миён омад ва дар давоми 6 соли охир корхонаҳои калонтарини кишвар, ки ҳамкорашон асосан Россия буданд, дари худро баста, коргаронашонро ба саргардонӣ овард. Дар бораи ин инқилоб яке аз машваратчии давлати абарқудрати ҷаҳон, ки санксияро нисбати кишвари Федератсияи Россия ҷорӣ намудааст, шахси масъулаш нисбати Украина изҳор намудааст, ки дар ҳақиқат инқилоби Украина бо кӯмаки бевоситаи кишвараш амалӣ гардид ва гӯё мақсади асосии он дар Украина ба амал овардани мӯъҷизаи иқтисодӣ мебошад. Ба ҳамин гуна монанд сенария ё раванд дар Ҷумҳурии Белоруссия имрӯзҳо ба назар мерасад. Сабаб дар чист! Пӯшида нест, ки дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил(ИДМ) Ҷумҳурии Белорусия бо роҳбарии президент Александр Лукашенко бо сиёсат ва иқтисодиёт яке аз устувортаринҳо мебошад. Бо сабаби дастгирӣ намудани сиёсати ирмрӯзаи Россия, кишварҳои ғарб мехоҳанд ба ҳар роҳу васила Белоруссияро «ҷазо» диҳанд. Имрӯз бошад дар атрофи интихоботи президентӣ баҳонаҳо ҷуста, бетартибиҳо ташкил карда, бо ин роҳ ба инқилоби ранга табдил додани он ҳастанд, қи ин амалиёт номи “Демократия дар Минск”-ро дорад. Бо баробари ин тариқи расонаҳои хориҷӣ гуногунандешӣ ба мушоҳида мерасад. Дар натиҷа халқи Белорус аз фазои иттилоотии кишварҳои ғарб вазъияти кишварашонро нодуруст мефаҳманд, яъне онҳо ҳар як далелро ба манфиати худ мувофиқ маънидод мекунанд. Ба андешаи мо ба фазои иттилоотии Белорусия телевизион ва радиои Федератсияи Россия хеле муҳим аст. Аз ҷумла, барномаи телевизион ва радиои “Мир”самаранок фаъолият бурда истодааст, ки асосан дастраси ИДМ мебошад ва он воқеиятро дар асл намоиш медиҳад. Мо ҳар рӯз тариқи барномаи телевизионии зикршуда аз вазъи сиёсии кишвари Белоруссия огоҳ ҳастем, ки маҳз гирдиҳамоиҳо ба хонумонсӯзиву харобоварӣ боис шуда истодааст.Умед дорем, ки кулли мардуми кишвари Белорус ба ҷои ташкили гирдиҳамоӣ, донишу малакаи худро барои ободонии кишвариазизашон равона намуда, масъулиятро дар назди миллату Ватан аз дируза бештар ҳис хоҳанд намуд. Танҳо дар якҷоягӣ бо ваҳдати комил аз вазъияти имрӯза баромада, кишвари Белоруссия ба зиндагии муқаррарии худ бармегардад. Мо боварии комил дорем!

Дар интиҳои мақолаи хеш бо назардошти масъалаи матраҳгардида моро лозим аст, ки бо ҳушёрии сиёсӣ ва меҳнати софдилонаи худ оромию суботи мамлакатро таҳким ва тақвият бахшем, саъю кӯшиши худро барои ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон равона намоем.

      Иброҳимов И.И.-

дотсенти кафедраи математекаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *