Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ мекашанд. Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро онҳо ба доми «хоҷагон»-и хориҷӣ меафтанду сабаб дар чист?
Ба назари ман, як сабабаш фирефтаи пулу мол шудан ва ба ваъдаҳои беохири онҳо бовар карданашон бошад, сабаби дигар ноогоҳӣ ва дур будани онҳо аз ислом аст. Тасаввур кунед, ҷавоне, ки нав мактаби миёнаро хатм кард ва ба хориҷа (асосан ба Русия) ба кор рафт, вале дар он ҷо барои худ шуғли муносибе наёфт, дарҳол ба доми фиреби гумроҳгаштагони хориҷии соҳибтаҷриба меафтад. Зеро барои вай пул лозим аст, дар хона зану фарзандон ё волидонаш интизори маблағи ӯянд. Чӣ бояд кард, аз куҷо кор ва маблағ ёфт? Дар чунин лаҳзаи ҳассос гумроҳгаштагони таҷрибаманди давлатҳои хориҷӣ ба «ёрдами» ин ҷавонон меоянд. Бо суханҳои пурдабдабаи «ба дини ислом хизмат кардан савоб аст, бояд душманони дини ҳақро аз рӯи замин нест кард, агар дар ин ҷода ҳалок шавӣ, шаҳид мегардӣ ва ҷоят ҷаннат мешавад» ва монанд ба ҳамин сари чунин ҷавононро гаранг кардан кори саҳл аст. Аз тарафи дигар, ваъдаи маблағҳои калон ва як қисми онро пешпардохт кардан ҷавононро водор месозад, ки дарҳол ба шарту шароити ин «хоҷагон» бовар кунанд. Чунки мақсади инҳо аз муҳоҷират маблағ пайдо кардан буд. Вақте, ки дар Русия барои худ кори муносиб пайдо накардаанд, хоҳу нохоҳ ба ин таклифҳо розӣ мешаванд.
Омили дигар чунон, ки ишора рафт, бехабарии ҷавонон аз таълимоти исломӣ ва ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с.а.в) аст. Ҳадисҳои Пайғамбари ислом касро ба одамдӯстӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ даъват мекунад, на ба ҷангу ҷидол. Он ҳадиси шариф, ки мефармояд: «Беҳтарин неъмат сулҳ аст» худ далели гуфтаҳои мост.
Пеш аз он ки ҷавонон ба «ҷиҳод» мераванд, бояд фикр кунанд, ки бо кӣ ҷанг мекунанд? Бо ҳамдини худ, бо мусулмон! Магар мардуми Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон ва як қатор мамлакатҳои дигар, ки имрӯз бесуботу ноором ҳастанд, мусулмон нестанд? Пас, чаро ҷавонони ноогоҳ бо бародари ҳамдини худ ҷангу ҷидол мекунанд? Оё фикр намекунанд, ки мисли лӯхтак бозичаи дастӣ шудаанд?
Ташкилоти террористии экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии (ҲНИ) дар шароити фаъолияти берун аз кишвар фаъолияти ҷиноятии худро оид ба табдил додани ҳаёти босуботи халқи тоҷикро ба хунрезӣ ва терроризм идома дорад. Тавре, ки бо васоити ахбори омма роҳбари ҲНИ М. Кабирӣ дар мусоҳиба гуфт, “Ҳизб то ҳоло фаъолияти худро қатъ накардааст, зеро он аз тариқи сохтори муассири сиёсӣ дар хориҷа аст”.
Мо, тоҷикон, аз асари ноогоҳию зудбовариамон самараи ҷанги таҳмилии бародаркушро аз сар гузаронидем. Беш аз 150 ҳазор занону кӯдакон ва пирони бегуноҳ қурбони ҳамин сиёсатбозиҳои давлатҳои абарқудрат шуданд, миллионҳо нафар гуреза гаштанд. Ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ миллиардҳо доллар ҳисорот расид. Сад шукр, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва бародаркушро гирифт, вагарна Тоҷикистон ҳам Афғонистони дуюм шуда мемонд.
Хушбахтона, аз солҳои 1997-ум мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди душманони миллат- роҳбарони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошанд.
Мо бояд шукронаи ана ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Аз воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки чандин нафар ҷавонони тоҷикистонӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҷангида ҳалок шудаанд. Мазмуни зиндагии онҳо аз чӣ иборат буд? Ба дунё омадан ва ҷангидану мурдан! Чаро ҷавонҳои 18-20-сола дар давлатҳои хориҷӣ ба даст яроқ гирифта меҷанганд? Онҳо бо кӣ ва барои чӣ меҷанганд, шояд худашон ҳам намедонанд. Он ваҳшониятҳое, ки имрӯз давлатӣ ба ном «исломӣ» мекунад, ба чорчӯбаи ягон қонуну қоидаи шариати ислом рост намеояд. Занону кӯдакон ва пиронсолонро куштан, зинда ба зинда гӯр кардан ғайр аз ваҳшоният чизи дигаре нест ва ҷанговарони ин тӯдаи мусаллаҳи аз ақл бегона (онҳоро ба «Давлати исломӣ» гуфтан забони кас намегардад) зархаридони душманони дини исломанд. Мо, зиёиён, пеш аз ҳама ана ҳамин чизро бояд ба мардум фаҳмонида диҳем.
Ба андешаи ман, дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан ба хатмкунандагон пайваста гӯшрас кардани амалҳои ҷинояткоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайри- қонунӣ ва фаҳмонидани моҳияту мақсади гурӯҳҳои тундраву ифротгаро басо зарур аст. Танҳо дар соатҳои тарбиявӣ не, балки дар ҳар як дарс вобаста ба мавзӯъ, хусусан, дарсҳои таъриху адабиёт таъкид кардани кирдорҳои ношоистаи ҷавонони гумроҳ ва нишон додани амалҳои носавоби онҳо зарур аст. Бояд доир ба ин масъала дар байни хонандагони синфҳои болоӣ пурсиши афкори умум гузаронида, андешаи онҳоро фаҳмид, ки нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро чӣ ақида доранд. Маъмурияти ҳар як муассисаи таълимӣ фикру ақидаи шогирдони худро таҳлил ва ҷамъбаст намуда. барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба тӯдаҳои тундрав мақоми муҳим хоҳад бозид. Дар як вақт камбудиҳои мавҷударо (мумкин аст, баъзе хонандагон нисбат ба ин ташкилотҳо хайрхоҳ ҳам бошанд) ислоҳ кардан имконпазир мегардид ва пас аз хатми мактаб пеши роҳи шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо гирифта мешуд. Дар ин ҷода, бояд маъмурияти муассисаҳои таълимӣ аз рӯи нақшаи мушаххас ва мақсаднок корбарӣ намояд.
Аз тарафи дигар, бояд раисони маҳаллаҳо бо аҳолӣ дар робитаи зич бошанд, тез-тез маҷлису ҷамъомадҳо гузаронида, ба падару модарон ва сокинони қаламравашон моҳияти зиддидинӣ ва зиддибашарӣ доштани гурӯҳу ташкилотҳоро фаҳмонида диҳанд.
Хулласи калом, бояд ҳар кадоми мо барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ саҳми худро гузорем, зеро қуввати мушт дар даҳ ангушт гуфтаанд.
Ассистенти кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ
Игамназаров Нурбекҷон Имомназарович