ИФРОТКОРОНИ ЭКСТРЕМИСТӢ АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗИДДИ ИСЛОМ

 Тавре мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гардидем, дар канори 50 ҳазор толибилм айни замон бо вуҷуди оқибати ҳузновар доштани таҳсил дар Донишгоҳи “Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия”, (тарҷума аз арабӣ: Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо), ки дар шаҳри Қуми Эрон воқеъ аст, мутаассифона, 350 нафар ҷавонони тоҷик низ пайи “таълиму тадрисанд”, ки ояндаи онҳо норавшан аст. Таърихро инкор набояд кард. Эрон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти моро эътироф кард. Ва дар Осиёи Марказӣ ва шояд дар ҷаҳон ягон давлат ва миллате набошад, ки бо Эрон мисли мо наздикӣ надошта бошад. Аммо гузашти солҳо исбот намуд, ки агар шаҳрвандони одӣ, аҳли адаб бо назари некбинона дар ин 30 сол бо мо ҳамкории қавӣ дошта бошад, иддае аз сиёсатмадорон, ки онҳоро охундҳои эронӣ низ ном мебаранд, ба решаҳои ориёӣ ҳар ду миллат хатти батлон кашида, манфиатҳои “исломситез”- и худро болотар аз манфиатҳои миллӣ гузошта, ба мағзшӯи афкори ҷавонон машғуланд. Бо баробари ин қайд кардан бамаврид аст, ки тайи чанд соли охир давлатҳои бузурги Аврупо ва Амрико бо Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибати тезу тунд дошта, ин кишварро аз як ҷониб таблиғгари яроқи атомӣ дониста бошанд, аз ҷониби дигар макони парваришгоҳи террористон унвон кардаанд,

Таҳлилҳо собит менамояд, ки воқеан аксарияти ҷавоне, ки дар донишкадаи номбурда таҳсил кардаанд ва алҳол таҳсилашон идома дорад бо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва дастандаркоронаш таблиғ намуда, дар аввал ба хонадонашон маблағҳои зиёде фиристода, онҳоро чун сарсупурдаи “роҳи ислом” омода кардаанд. Имрӯз низ дар ин самт наҳзатиён корҳои ташвиқотӣ  бура истодаанд. Масалан  роҳбари собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, санаи 15 апрели соли равон дар нишасти маҷозии донишҷӯён ва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони ислом баромад намуда, боз ҳамон суханҳои бардурӯғи иғвогаронашро  давом дода, худро “мусичаи бегуноҳ” нишон дод. Наҳзатиён андеша намекунанд, ки ин оқибати сиёсатбозиҳо ба чӣ оварда расонид! Амалҳои хиёнаткоронаи собиқ аъзоёни ҲНИба ҳамагон аён аст ва ҳоҷат ба баён нест. Бо назардошти масоили матраҳгардида, бояд таъкид кард, ки ин яке аз сабабу омиле мебошад, ки имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Сиёсати дугона нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Аз ин лиҳоз мубориза бо терроризм ва экстримизм, фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Бинобар ин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.  Воқеан вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Дар фарҷоми мақолаи хеш хулосабарорӣ намуда, ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.  Ба насли наврас  ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар ва тарғиби некиву накӯкори аст.

 

 

Алиева Г.И., муаллимаи калони кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *