ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ЯКЕ АЗ МУШКИЛОТИ МУБРАМИ ҶОМЕАИ МУОСИР АСТ!

Пӯшида нест, ки омили динӣ имрўз ҳам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ роли муҳими ҳам мусбӣ ва ҳам мутаассифона, манфӣ ба мушоҳида мерасад, ки бархе афрод дар натиҷаи аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ нодуруст мефаҳманд. Оид ба атрофи таъсири манфии он, аз ҷумла экстремизм (ифротгароӣ) андешаҳоямонро иброз намуда, қайд менамоем, ки коршиносони ватаниву хориҷӣ таснифоти эктремизимро ҷудо намуда, шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: экстремизми динӣ, экстремизми миллатгароӣ, экстремизми наврасон ва ҷавонон, экстремизми экологӣ, экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ, экстремизми ахлоқӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Вобаста ба яке аз ин таснифот, оид ба масоили экстремизм (ифротгарои)-и динӣ андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки Ифротгароии динӣ – яке аз маъмултарин шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси мансуб ба ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд. Бояд қайд кард, ки ифротгароии динӣ ин қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад. Решаю омилҳои бурузи ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ – мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар ақибмондагии саросарии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Дар иртибот ба мамоили ифротгароии динӣ олимону муҳаққиқони андешаҳои хешро иброз намудаанд. Чунончӣ, яке аз муҳаққиқони масъалаи экстремизми динӣ олими рус Забияко дар таҳқиқоти худ ба моҳияти экстремизм баҳои объективӣ додааст, ки андешаҳои ӯ то дараҷаи зарурӣ метавонад барои ифодаи ин падидаи номатлуб истифода бурда шавад. Ба ақидаи ӯ, «экстремизми динӣ – навъи махсуси идеологияи динӣ ва ё фаъолияти диние мебошад, ки радикализми канорӣ хусусияти муҳими онро ифода менамояд. Бинобар ин, экстремизми динӣ бо анъанаҳои ба тозагӣ пайдогардида муносибати оштинопазир зоҳир намуда, шиддати дохилии гурӯҳҳои динӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад».
Тавре ки аз баррасиҳои боло маълум гардид, рафтори экстремистии пайравони ин ё он дин ҳамчун амали экстремистӣ ва фаъолияти созмони экстремистии динӣ маънидод мегардад. Дар шароити муосир, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидҳои гуногун пайдо гардида истодаанд, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби як қатор давлатҳо созмон ёфта, барои ҳимояи манфиатҳои миллии онҳо истифода бурда мешавад. Масалан фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ва равияҳои ифротӣ, ки рўйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфта, даст ба амалҳои номатлуб заданашон ба назар мерасад. Имруз аъзоёнашон асосан дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқо ва Осиё, аз қабили Сурия, Ироқ, Афғонистон, Яман, Либия, Сомали, Нигерия ва инчунин дар кишварщои Сахел минтақаи гузариш дар Африқо байни Сахара ва саваанаҳои Судон мебошад, аз ҷумла Мали, Нигер, Буркина Фасо в Чад ба таври пинҳонию ошкоро даст ба ҷиноятҳои мухталиф мезананд.
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки сабаби асосии ифротгароии динӣ, ин надоштани дониши мукаммал дар бораи ҳадафҳо ва моҳияти дин аст. Ва агар тамоман набудани донишу таҷрибаи динӣ боиси пайдоиши як шакли ифротгароӣ – худхоҳию бадахлоқӣ гардад, пас дониши ноқису пароканда боиси натиҷаи мухолиф – радикализми ҳамлакорона мешавад. Агар одамон динро омӯзанд, хоҳанд фаҳмид, ки он ба сулҳ, муҳаббат ба атрофиён ва эътидол мехонад. Дар ҳоле ки инсон идроки сатҳию бенизом дорад, вай метавонад самимона бовар дошта бошад, ки дониши амиқ дорад. Дониши дурӯғин тасвири аёну комили воқеиятро инъикос намекунад ва барои баровардани хулосаҳои муфид аз масоили пайдошуда имкон намедиҳад. Набудани фаҳмиши дурусти ҳадафу низоми дохилии дин боиси норасоиҳои тарбияи динӣ ва ахлоқи бад мегардад, ба зоҳиршавии сифатҳои манфии хислат: тундӣ, ситезаҷӯӣ, бадгӯӣ, кибр, шубҳанокӣ ва бадбинӣ мусоидат мекунад. Итминони кӯр-кӯрона ба ҳаққонияти худ якҷоя бо кибру ғурур ба ифротгароии динӣ оварда мерасонад. Аломати аввалини ифротгароӣ таҳаммулнопазирию бераҳмии мутаассибона мебошад, ки инсонро водор ба пайравӣ аз афкору тахайюли худ мекунад ва ба ифротгар имкон намедиҳад то манофеи атрофиён, ҳолатҳои объективӣ ва асосҳои динро ба назар гирад. Чунин муносибат ба муқаррар намудани муколамаи созанда ва муқоисаи холисонаи нуқтаҳои назар дар масоили баҳснок монеъ мешавад. Набудани фаҳмиши моҳияту ҳадафҳои дин якҷоя бо нуқсонҳои ахлоқӣ, аз ҷумла надоштани назорати худӣ, кибр, ситезакорӣ, экстремистро ба дасткашӣ аз муносибати муътадил дар ҳалли масъалаҳои пайдошуда оварда мерасонад. Хуллас, ифротгароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Пас, радикализми динӣ марҳили ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст ва он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи терроризм мегузарад. Қисмати дигари проблемаи мазкур дар тарғиботи қатъии ҷанбаъҳои ҷаҳонбинии онҳо ифода меёбад, ки ба арзишҳои маъмули умумиинсонӣ муқобил меистанд. Ифротгароии динӣ яке аз шаклҳои фаъолияти экстремистӣ дониста шуда, доимо барои баланд бардоштани афзалияти худ нисбат ба рақибон ва зиёд намудани сафи пайравону ҷонибдорони худ кӯшиш менамояд. Вобаста ба шароит ва вазъияте, ки чунин навъи фаъолият амалӣ мегардад, вай дар худ хусусияти идеологӣ мегирад. Ин аст, ки баъзан ифротгароии динӣ, сиёсӣ ва миллиро ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Хуллас, мубориза алайҳи ифротгароии динӣ мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароии динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳимми кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.
Аз масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки сабаби асосии экстремизми динӣ нобиноии ақлонӣ ва ҷоҳилӣ мебошад. Ҳалли муаммои мушкили экстремизми динӣ истифодаи усули мураккаб ва муназзамро талаб мекунад. Масъулияти пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароии динӣ натанҳо ба зиммаи давлату ҳукумат, балки бар дӯши тамоми ҷомеа аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз зиракии сиёсиро аз даст надода, вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Ф.МАМАДҶ ОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *