Ифротгароии динӣ-вабои аср

Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тӯли таърих нерӯҳои муайяни сиёсӣ онро баҳри ҳадафҳои хеш истифода карда бошанд ҳам, худи он ҳамчунон поку беолоиш боқи мондааст. Дар давоми асрҳои миёна, ҳадафи стратегии дини мубини Ислом ва умуман, рисолати ҷавҳарии он иборат аз муттаҳид намудан, бо ҳам овардан ва бо ҳамдигар мушфиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо муаррифӣ менамуд, на тафриқа ва ҷудои андозӣ.

 Имрӯзҳо бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусулмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаҳои ашёи хоме, ки бештари ин манбаҳо дар кишварҳои исломӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва барои онҳо қулай истифода бурдан аз тафриқаандозии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ карда истодаанд.

 Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудан ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҳаводорони онҳо худро мусулмонони воқеи нишон дода, бо мақсади густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Имрӯз низ ин хатои таърихӣ борҳост, ки такрор мешавад ва мусулмонони зиёде аз ҷониби ин гурӯҳҳои зорхарид азият мекашанд. Ба монанди ҳаракат ва ё гурӯҳи бо ном “Давлати Исломӣ” низ имрӯзҳо ба хотири ҷори намудани “Исломи ноб” зери шиори ғазовот ҷанги муқаддас барои дин мусулмонони зиёдеро, ки пайрави дигар масхабхову фиркаҳо ҳастанд, ба марг маҳкум намуда истодааст.

 Ҳол он, ки шартҳои оддитарини ғазовоти исломӣ, пеш аз ҳама зарар нарасонидан ба заминҳои кишт, дарахтон ва таҷовуз накардан ба амволи мардум, қатл накардани мардумони беяроқ ва осоишта ва занону кӯдакон ба ҳисоб меравад.

 Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравонона амалӣ созанд. Пас аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо аз қобили “Ваҳҳобия”, “иҳвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, равияи динии “Салафия”. Ҷамъияти “Ансуруллоҳ” “Гуруҳи -24”, ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ва ғайраҳо пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстримизм аст ва аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, ноороми дар ҷомеа ва баъдан ба оқибатҳои фоҷиаангез меоварад, бо назардошт ва баҳри пешгирӣ намудани ингуна падидаҳои номатлуб бо ҳалномаҳои суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ғайри қонуни эълон карда шуда фаъолияти онҳо манъ карда шудааст.

 Имрӯзҳо мо мебинем, ки дар кишварҳои мухталифи дунё, инчунин мутаассифона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маъорифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии хеш шомили гуруҳҳои ифроти гашта ба номи тоҷику Тоҷикистон иснод меоранд.

 Ҳол он, ки дар қаламрави кишвар ҳама гуна шароит барои зиндагии хушбахтона муҳайёст. Бояд ҷавонон бештар ба театр, китобхонаҳо, маҳфилҳои илмиву адабӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ руй оранд. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонанд ҷаҳонбинии сиёсии худро ташаккул дода некро аз бад ба пуррагӣ фарқ намояд ва ҳаёти худ ва зиндагии осудаҳолонаи наздикони хеш ва халқи тоҷикро доғдор насозанд.

Ассистенти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ
Комилова Ф.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *