ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Дар ҷаҳони сиёсат шахсиятҳо бо амалҳои зайли худ мақоми хоси худро гузоштанӣ мешаванд: яке бо иҷрои амалҳои нек яъне, муттаҳид кардани мардум дар фазои орому осудагӣ ва дигаре барои манфиати шахсӣ тавассути амалҳои ношоиста, ба мисли иғвоангезӣ, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум.

Мутаассифона, душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангезро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.

Чанд муддат аст, ки хоинони миллат, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз, манфиатҳои ТТЭ ҲНИ ва созмони паймоншиканонро бо номи “Паймони миллӣ” дифоъ намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиашон машғуланд.

Нақшаҳои баде, ки Кабирӣ кашида буд, оқибат ӯро шармандаю берун аз кишвар намуд. Ин хоини миллат дар Аврупо дарбадару дур аз Ватан аст. Ин аст ҷазои миллатфурӯш!

Аммо Кабирӣ оё имрӯз ба ин саволҳо ҷавоб метавониста бошад, ки маблағҳо барои табаддулоти давлатӣ аз куҷо дастрас шуда буданд, зиндагӣ ва таҳсили фарзандонаш дар хориҷи кишвар аз куҷо дарёфт шуд?

Воқеан, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар соли 2018 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятеро боздошт намуданд, ки талош доштанд, амалҳои даҳшатангезиро дар мамлакат анҷом диҳанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба тасдиқи ВКД соли гузашта 873 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ошкор ва ҷинояткорон боздошт гардиданд.

Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро, ки аз ҳаёҳуйҳо ба сулҳи тоҷикон меравад, возеҳ дар Паёми навиштаашон ба Парлумон ироа карданд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ба итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро, таъкин карданд, ки: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта, фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».

Ин таъкиди Президенти кишвар ба он вобаста аст, ки дар замони ҳозира хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Имрӯз, мо сокинони кишварро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар як ҳодиса баҳои дуруст дода, баҳри ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар кишварамон саҳмгузорӣ намоем.

Аз ин лиҳоз мо, устодони таълимгоҳҳо бояд зеҳни шогирдони худро бо ақидаҳои созанда,технологияи муосир бой гардонем, то ки онҳо дар оянда ворисони арзандаи имрӯзиён бошанду баҳри ба кишвари тараққикарда табдил додани сарзамини худ хизмат кунанд.

Назаров.П
ассисенти матиматикаи оли ва
технологияхои инноватсиони

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *