Ифротгароӣ хатаре ба давлатдории миллат.

 

Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта,хатари калони ҷамъъиятӣ гардидааст ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда,мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ,инчунин ба объектҳое,ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд,имрӯзҳо на танҳо чунин ҷинояти дохилидавлатӣ,ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида ҷомеа ва давлат зарар мерасонад,балки чунин ҷинояте баррасӣ мегардад,ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза ба зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад,ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯи ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад.Зуҳуроти терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи давраи соҳибистиқлолият ва соҳибихтиёрии он ба мушоҳида мерасид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи геосиёсӣ ва геоиқтисодии худ ҳанӯз ҳам таҳти таҳдиди хатари таҷовузи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) байналмилалӣ қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалиро,ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон,баррасӣ намуда,барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бояд ба ошкор намудан,пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ,ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят ,ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ,сарфи назар аз миллият,шаҳрвандӣ,эътиқоди динӣ,ақида ва нуқтаи назар, нигаронида шавад.

Инчунин тибқи созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст,дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ),ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандон онҳо нигаронида шудааст,роҳ надиҳад,ба террористон паноҳгоҳ фароҳам наорад,системаи самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) таъсис диҳад ва таблиғоти террористӣ ва экстремистиро (ифротгароиро) пешгирӣ намояд.

Мақсад ва вазифаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм(ифротгароӣ) аз онҳо иборатанд:

Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта,аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ).

Барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани муҳити оштинопазир нисбат ба терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он.

Ошкор намудан,аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите,ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегардад,инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта.

Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ,ошкор намудан,бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ,ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне,ки дар иҷрои фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) иштирок намудаанд,инчунин муқовимат ба маблағгузории амали террористӣ.

Мо бояд сабру таҳаммулро пеша намуда,барои расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек кор кунем,то ки фарзандони мо дар оянда аз мо фахр намоянд.

Турсунова

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *