

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол имрузҳо шукргузорӣ аз он менамоем, ки зери сиёсати оқилонаву бобарори Пешвои муаззами миллат имрўзҳо баҳри рушди тамоми соҳаҳои кишвар шароиту заминаи мусоид фароҳам гардида, ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ омодаги дида истодаем ва онро бо шукуҳу шаҳомати хоса таљлил ҳоҳем намуд. Бояд дарк намоем, ки 35 соли Истиқлол чун зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон намуд ва меваҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба бор оварад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Аммо, баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тўли беш аз 34 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии ватанро, бархе афрод зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, тавассути Интетнет, амиқтараш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тўтивор бар зидди ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии мо санги маломат мезананд. Интернет, ки як майдони васеъ ва беканор аст, дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд. Бинобар ин, лозим аст, ки андешаю афкори ифрити иғвогарро, аз назари ақли солим дарку баҳогузорӣ кард. Аз табори чунин афрод яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути канали YouTube, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ва дигаре Беҳзоди Тағойзода, узви ҳаракати сиёсии мамнуъ дар кишвар “Гуруҳи 24” дар барномаи “Садои мардум” баромад

намуда, нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтону иғвогарӣ менамоянд. Зимни баромадҳояшон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Онҳо имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост. Ҳарчанд ин афрод зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо Ватан доранд. Дар давоми фаъолияташон ҳамчун пешсафон хабарчин буда, дар асл ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошанд .
Дар интиҳои изҳороти хеш фаъолияти бадхоҳони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба муҳољирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ
