ИҒВОГАРОНИ ЗАРХАРИДИ НОСОЛИМ

Мо тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ”ровигиро ба уҳда гирифта, бо ҷалби пайравонаш нисбат ба миллату давлати соҳибистиқлоламон баромадҳои иғвогаронаро ба роҳ мондааст.Масалан, санаи 15 сентябри соли дар барномаи зикршуда, сўиистифода аз дини мубини ислом бо ѓаразњои сиёсии гурўњиву шахсӣ, бо ҷалби яке аз пайраваш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев пешрафту шукуфоии кишвари моро нодида гирифта, беасос нисбат ба иқдомҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистонро, ки ба нигоҳ доштани асолати арзишҳои динӣ равона шудааст, манфиатҷӯёна нодуруст шарҳу тавзеҳ дода, нисбат ба Президенти Федератсияи Россия(ФР) суханҳои қабеҳ гуфт. Илова бар ин, чун фолбини ҷугӣ маълумоти бардуруғ гӯё ки аз ҷониби давлатҳои ғарб дар рузҳои наздик бо истифодаи аслиҳаи ядроӣ (ҳастаӣ) ҳуҷҷуми мусаҳҳалона анҷом дода мешавад. Бо ин сухани иғвогарии навбатииаш кулли муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, ба ватанашон баргардонидан даъват намуд. Хуллас, бо ин василаи иғвогарони зархариди носолим бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро бо тарсу воҳима ба ҷангу ҷидол кашанд.

Дар интиҳои андешаамон бори баромади навбати М.Садриддин ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем! Бо боварии комил метавон қайд кард, ки мардуми сарбаланди тоҷик такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем!

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *