ИҒВОАНГЕЗИВУ ТАФРИҚААНДОЗӢ ТО БА КАЙ?

Ба ҳамагон маълум аст, ки и ҳоло шахсони иғвоангезу тафриқаандоз, ба мисоли М.Кабирӣ, М. Садриддин. М. Салимпур дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун «ватандӯсту ватанпарвар» вонамуд кардан мехоҳанд. Нияти аслии онҳо халалдор намудани сулҳу суботи кишварамон мебошад. Имрӯз созмондиҳандаи сомонаи интернетии «Ахбор.ком» Мирзои Салимпур сомонаи худро иваз карда, онро акнун «Бомдод.ком» номидааст. Худи ӯ кист? Бародараш бо мақолаи “Мактуби кушод ба М. Салимпур – иғвогари рақами 1” нишон додааст, ки ин инсони палид на фақат хоини халқу ватан, инчунин нисбати аҳли хонаводааш ва хешу таборонаш хоинӣ намудааст. Бо кирдорҳои ношоистааш падари коммунисту дорои мансабу обрӯро сархам намудааст. Бо дастгирии ташкилоти комсомолӣ ба пионерлагери байналмилалии «Артек» ду маротиба фиристода шудааст. Бояд ёдовар шуд,ки дар митинги ҷавонон намоишкорона билети комсомолиашро сӯзондааст, вақте ки бо дастгирии ин ташкилоти бонуфуз ба «Артек» рафта буд. Дар рӯзномаи “Чароғи рӯз” ба муқобили устоди падараш ва Ҳунарпешаи халқии СССР, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мақолаи танқидӣ навиштааст.. Дар рӯзҳои майдоншинии соли 1992 гапи дурӯғ паҳн мекунад, ки мардуми Кӯлоб бо шиори “Нест бод Ислом” баромадаанд ва бо ин ду майдонро бо ҳамдигар ба ҷанг андохтааст. Дар бораи роҳбарони собиқ вилояти Кӯлоб гапҳои дурӯғ навиштааст, кӣ гӯё фақат онҳо сабабгори бадбахтии халқи Тоҷикистон бошанд

М.Салимпур аз рӯзҳои аввали истиқлолияти кишварамон роҳи хиёнатро пеша гирифт. Ҳоло ҳам, барои расидан ба ҳадафи худ М. Салимпур мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд.  Аммо, мо тоҷикистониён душманони худро нағз мешиносем, ба чунин разилон ҷавоби сазовор дода метавонем.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротии М.Салимпур наҳоҳанд шуд.

Аз масъалаи матраҳгардида хулосабарорӣ намуда, дар хотир дошта бошем, ки ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд. Бинобар ин ҳар як инсон махсусан ҷавонон барои дӯст доштани ватани азизи худ бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом дода, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати соҳибтамаддуну фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста, бо боварии комил метавон қайд кард, ки аз оғози соли нави мелодии 2021 баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишу ғайрати хешро равона хоҳанд намуд.

 

Иброҳимов И.И.-дотсенти кафедраи

математикаи олӣ ва технологияҳои

                                инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *