Мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем, ки дар ҷамъиятҳои осоишта душманони миллати тоҷик, ба мисоли яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин барои амалӣ намудани хоҷагони хориҷиаш бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намояд. Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯзҳо тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат дар ҳамкории роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ нисбат ба халқи азизи мо таҳдиду иғвогарӣ мекунанд, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳад. М.Садриддин, умуман наҳзатиҳо бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиашон, ки чун саги дайду дунболи фурсатҳои мусоиду анҷоми амру фармонҳои хоҷагонаш қарор доранд. Бо иваз намудани номи ТТЭ ҲНИ ба “Пайравони милли…” (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ кардан зарурият нест ) бо найрангу фиреби навбатиашон кӯшиш дорад, ки чун солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, бахусус ҷавононро ҷалб созад. Мақсади муғризонаи раҳбарият ва пайравони ТТЭ ҲНИ дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад.
Хулоса, душманони миллат хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ ёрии беминнати худро расонида, кӯшиш бар онанд, ки ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-ро тариқи созмонҳои хориҷӣ «мӯсичаи бегуноҳ” нишон диҳанд. Аммо бе ҳеҷ ваҷҳ сурат ва симои аслии роҳбари он Кабирӣ, ки ба сари мардуми тоҷик вабои асрро фуру рехт, амалиёти якҷояи ваҳобиёни солҳои 90- ум буд ва соли 2015 бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ мехостанд ҳокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Ҳамаи ин барои мардуми ҷафодидаи тоҷик сабақи таърих монд ва дар оянда низ мемонад.
Дар фарҷоми андешаи худ қайд менамоем, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, зидди роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ буд, ҳаст ва мемонад.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садридин муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд.
ФАЙЗИЕВА С. ,
устоди ДИС ДДТТ