ИҒВОАНГЕЗИИ  НАВБАТИИ М. САДРИДДИН ДАР АВРУПО

                  Имрӯзҳо яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин мунтазм дар барномаи ифроти бо номи “Минбари муҳоҷир баромадҳо менамояд. Аз номи барномаи мазкур ҳар бинанда  гумон мекунад, ки оид ба муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сухан меравад, вал он баракси ҳол. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо баромади навбатии М.Садриддинро мисол меорем, ки  санаи 24 майи соли равон дар барномаи ифротӣи зикршуда Муҳаммадииқбол баромад карда, нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, боз чун баромадҳои қаблиаш мавриди интиқом қарор дод. Ҳар як солимақли кишвар нисбат ба  Муҳаммадиқболи Садриддин кайҳост, андешаҳояшро иброз дошта, баромадҳои ифротиашро маҳкум намудаанд. Пӯшида нест, ки ин афроди бешараф, умуман раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, барои амалӣ намудани супоришҳои хоҷагони хориҷиаш бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд. Ин навбат Муҳаммадиқбол зимни суҳбату муколама чун “муфаттиш” нисбат ба нафарони муроҷиатдошта суолу ҷавоби бемантиқ   доир намуд. Гарчанде, ки ба андешаҳои якдигар розӣ набошанд ҳам, майлу хоҳиши Муҳаммадиқбол посуху суханҳои дигаронро бурида таҳти мазоқомезӣ қарор дод. Дар рафти барномаи ифротиаш  бо саволҳои бадкинаву буридани сухан мехост андешаи нафаронро дар дигар самт тағйиру намоиш диҳад, ки ин амал аз бадниятиву сиёҳдилӣ, иғвоангезӣ  гувоҳӣ медод. Баробари ин, бояд қайд дар рафти ҷараёни мусоҳиба мудири бахши кор бо ҷавонони ДДХБСТ баромад намуда, бо шарҳу эзоҳи асоснок ба суоли Муҳаммадиқбол оид ба атрофи  музди маоши посухи асоснок дод. Ҷавони даврони соҳибистиқлол тибқи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи хеш оид ба вазъи сиёсии имрӯзаи кишвар андешаи ҷолиб намуд. Боиси қайд аст, ки андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани чунин ҷавонон истиқболи ҳамаҷониба менамоем. Хулоса, ҷавонони равшанфикр ба дурустӣ дарёфтаанд, ки ТТЭ ҲНИ ба ғайр аз таблиғи ғояҳои сиёсӣ ҳадафи дигаре  надорад. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз мо чунин раъю андешаи солим дошта бошанд! Воқеан, ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад.

        Дар фарҷоми андешаи худ қайд менамоем, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, зидди роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ буд, ҳаст ва мемонад. Хулоса имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садридин муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда  тамоми мардуми шарифи Тољикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори  давлат ва пешрафти љомеа содиқона иљро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тољикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

М. ҶУРАЕВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *