ИҒВО ВА ФИТНААНДОЗИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ дошта, хоинони миллат, бахусус пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф ва дигаре аъзои Гурӯҳи-24 афрод бо номи Беҳрӯз Тағойзода зери ниқоби исломи ноб, иғвоангезиву фитнаҷӯӣ намуда, бо ин амалҳо мехоҳанд, нафси худро қонеъ намудаву хоҷагони хешро, ки бо маблағгузорӣ ташкилоти онҳоро созмон дода, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоиашон барномаҳо таҳрезӣ намудаанд, амалӣ созанд. Ин хоинони миллат имрӯз дар кишаври Аврупо паноҳ ёфта, бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷиашон худро «сиёсатшинос» вонамуд карда нисбат ба ҳар сафарҳои кории роҳбарияти кишвар санги маломат мезананд. Ин 2 – 3 нафар хоинони миллат бегонапарастӣ намуда, ҳеҷгоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд. Дар ҳамаи баромаду наворҳои дурӯғине, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳрузи Тағойзода дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Онҳо медонанд, ки муҳоҷирону ҷавонони даврони муосир бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст ҳастанд ва барои онҳо сайтҳову сомонаҳои тоҷикии шабакаҳои интернетӣ майдони калони таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротист. Ии хоинони миллат ҳамаи имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, то ки мардуми кишаври худро мағзшӯйи бикунанду зиди сиёсати давлату ҳукумат бишуронанд. Бинобар ин метавон хулосабарорӣ кард, ки ифротгароии иттилоотӣ чун падидаи нави технологӣ ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода намоянд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.
Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем. Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш хотиррасон менамоем, ки хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо як нуктаи муҳимро фаромӯш кардаанд. Яъне, Муҳаммадиқболу Беҳрӯз ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки мардуми боору номуси тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллатро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Зеро мақсаду нияти шумо танҳо хиёнат ба давлату миллат аст!

                                                                                                                                                                                                                                                                                                            А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *