Мушкилӣ ва хатари ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон терроризм мебошад. Террор моҳиятан таърихи куҳан дорад. Ҳатто таърихи он бо пайдоиши ҷамъият баробар аст. Аммо вобаста ба шароит ва ҳолатҳо террор дар шакл ва сатҳҳои гуногун амалӣ карда мешуд. Дар баъзе ҳолатҳо амалиёти террористӣ дар зери шиорҳои роҳ ба сӯи озодию адолат сурат мегирифтанд. Имрӯз ҳодисаҳои таърихии баҳамагон маълуме ҳастанд, ки ҳамчун амали ҷавонмардона сабт шудаанд, вале гурӯҳҳоеҳастанд, ки онҳоро баҳаракатҳои террористӣ шабоҳат медиҳанд. Чунин мушкилӣ дар шароити имрӯза чандон кам нагаштааст. Шояд сабаби инро баъзеҳо дар тобиши илмии нокомил ёфтани мафҳуми «террор» ва «терроризм» донанд, вале дар асл чунин нест. Дар аксарият адабиёти муосири илмӣ амалиёти террористии замонро бо манфиатҳо ва ҳадафҳои сиёсӣ пайваст медонанд, танҳо дар зери ниқоби масъалаҳои динию мазҳабӣ, миллию сарҳадӣ ва ғайра арзи ҳастӣ мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ду рӯз як маротиба дар ин ва ё он гӯшаю канори дунё амали террористӣ рух медиҳад. Қишрҳои гуногуни ҷомеа шуруъ аз олимону сиёсатмадорон то ба шаҳрвандони оддӣ атрофи терроризм ҳарф мезананд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризм ва экстремизм чунин ибрози андеша намуданд: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз ҳамин нишондиҳанда мубориза бо онро бозҳам мушкилтар мекунад».
Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри ХХ терроризм ва экстремизми динӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Шояд суоле ба миён oяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама сохторои гузаштаю имрӯзаи ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Имрӯз терроризмро бо Ислом алоқаманд менамоянд, ки ин тафаккур комилан ғалат мебошад. Аллакайба ҳамагон маълум аст, ки ташкилкунандаи чунин гурӯҳҳои террористӣ қувваҳои муайяни ғарбӣ буда, тавасcути ин иқдом манфиатҳои сиёсию иқтисодии худро амалӣ намуда истодаанд. Он гумроҳгаштагоне, ки имрӯз аз номи Ислом амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, хеле ва хеле фоизи хурдро ташкил медиҳанд, аниқтараш камтар аз 0,003 %-ро. Вале ба ин нигоҳ накарда, дар ВАО-и ҷаҳонӣ ҳамеша мусалмон, мусалмон, мусалмон мегӯянду халос. Аксарият ҷавононе, ки имрӯз ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мепайванданд, чунин таълим ва ақидаи ғалатро на дар оила гирифтаанду на дар масҷиду мактаб. Дар 1400 соли таърихи худ ислом умуман бо ягон ҳаракати иртиҷоии террористӣ рабт дода намешуд ва умумияте надошт. Фаҳми ҷоҳилонаи терроризми исломӣ танҳо пас аз ҳодисаҳои Афғонистон байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА пайдо шуд. Нангин ва нафратовар он аст, ки аз барои 0,003 %-и гумроҳгашта дар аксарият ВАО ҳамеша терроризмро бо ислом пайванд ва ҳатто ҷузъи он муаррифӣ мекунанд. Албатта, дар натиҷаи чунин нишон додани чеҳраи ислом, он боиси ҷузъи Ислом будани террор дар тафаккури ҷавонон мегардад. Банда дар натиҷаи таҳлилҳо оғоз аз Қуръон то фатвоҳои рӯҳониёни мусалмони аз тарафи умум эътирофгашта бо бовари устувор гуфта метавонам, ки дар таълимоти Ислом ишорае оид ба террор вуҷуд надорад.Баръакс дар Қуръон омадааст: «Ҳар он касе, ки нафари дигарро қатл мекунад, гуноҳаш баробар ба қатли тамоми башарият мебошад». (новобаста аз мансубияти миллию динӣ). Вале чунин иқтибосро мадди назар намуда, Исломро ба ҷаҳониён ҳамчун ҷузъи террор нишон медиҳанд. Дар ҳамин хусус паёмбар Муҳаммад (с) фармудааст: «Инсони боимон он аст, ки дар назди ӯ инсонҳои дигар (новобаста аз миллат ва эътиқод) худро бехатар ва ором ҳис мекунанд». Имрӯз ҷаҳони ғарб бо истифода аз озодии баёни худ мафҳуми «терроризми исломӣ»-ро дар тафаккури башар ҷой дод. Вале ҳастанд кишварҳое, ки ин ду мафҳуми комилан ба ҳам муқобилро аз ҳам ҷудо менамоянд. Як иқтибоси дигаре аз Қуръон ба маврид аст, ки омадааст: «Дар корҳои хайру созанда ва амалҳои солеҳ ба ҳамдигар ёрӣ расонед ва бо ҳам бошед. Вале ҳеҷ гоҳ дар амалҳои муқовиматӣ ва гунаҳкорона ба ҳамдигар ёрӣ нарасонед». Чунин чеҳраи пок ва асили Исломро мутаассифона, дар ВАО-и ғарб вохӯрдан ғайриимкон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як минтақае қарор дорад, ки низоми амниятӣ бо низоми амнияти умуми сайёравӣ пайваст аст, аммо бо вуҷуди ин минтақа яке аз минтақаҳои хавфноктарин дар ташаккули гурӯҳҳои радикалию экстремистӣ дониста мешавад. Аҳолие, ки дар Осиёи Марказӣ умр ба сар мебаранд, аксарияти мутлақашон дини Исломро қабул доранд, аммо дар бораи Ислом маълумоти зарурӣ надоранд ё кӯр-кӯрона аз Ислом пайравӣ мекунанд.
Аз ин ҳолати ноустувор гурӯҳҳои ифротӣ моҳирона истифода намуда, дар байни мардум нақшаҳои канораи худро амалӣ карданӣ мешаванд ва то андозае муваффақҳам шудаанд. Гурӯҳҳои ифротие, ки дар ин минтақа фаъолият мебаранд, ин: Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҳизбу-таҳрир ал-исломӣ, Салафия, Бародарони мусалмон, гурӯҳи террористии ба ном Давлати Исломӣ (ДОИШ), ҲНИТ, гуруҳи 24 мебошанд. Падидаи номатлуби мазкур мушкилии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Аксар кишварҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистонро,ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, зарур аст роҳу воситаҳои самараноки муборизаро вобаста ба вазъи минтақавию давлатӣ боз ҳам қавитар кунад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки терроризм падидаи нав набуда, навъи он, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, танҳо ба хотири муборизаҳои байниҳамдигарии абадқудратон бо дасти бегона роҳандозӣ шудааст. Ва муборизаи абадқудратҳо барои ҷаҳонро идора кардан мебошад. Бо бовари комил гуфта метавонем, ки роҳи муборизаи байниҳамдигарии онҳо имрӯз аз зери назорати онҳо баромада, боиси халалдор шудани амнияти кулли ҷаҳон ва худи онҳо гаштааст.
М. Абдурахмонова,
устоди ДИС ДДТТ